ВарзишВидео

4 БОНУИ ТОҶИКИ МУШТЗАН БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН МЕРАВАНД

Аз 6  то 21 майи соли 2022 дар шаҳри Истанбули Туркия чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мешавад.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ин кишварро дар ин мусобиқаи бонуфуз 4 варзишгар – Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар ин сафар сармураббии тими миллӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ менамояд.
Қабл аз чемпионат варзишгарони тоҷик дар Ӯзбекистон машқу таълим гирифтанд.

Аз аввалин чемпионати ҷаҳон миёни бонувон 20 сол сипарӣ мешавад ва сол то сол шумораи иштирокчиён меафзояд. Интизор меравад, дар чемпионати имсола дар Истанбул 419 варзишгар аз 93 давлати дунё иштирок кунанд.

Чемпионати ҷаҳон аз рӯи 12 вазн сурат мегирад ва фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ҳар вазн ғолибону ҷоизадорон ҳамон маблағеро мегиранд, мардҳо дар чемпионати ҷаҳон-2021 гирифта буданд:
Ҷои 1: 100 000 доллари ИМА;
Ҷои 2: 50 000 доллари ИМА;
Ҷои 3: 25 000 доллари ИМА.
Дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон Тоҷикистон то имрӯз ҳамагӣ як медал ба даст овардааст. Соли 2012 дар Синхуандаои Чин варзишгари маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Дар доираи чемпионати имсола, ҳамчунин анҷумани ғайринавбатии Иттиҳодияи байналмилалии бокс баргузор мегардад, ки дар он президенти ин созмон ва аъзои Шӯрои  мудиронаш интихоб мегарданд. Ба вазифаи президенти Иттиҳодияи байналмилалии бокс номзадии ду нафар – Умар Кремлёв (Русия) ва Борис ван дер Ворст (Нидерланд) пешниҳод шудааст.

Манбаъ: https://olympic.tj/news/?ELEMENT_ID=5529

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button