ВидеоИлму фанноварӣЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ЭМОМУДДИН АСЛЗОДА, БАРОДАРИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3 май бо нашри як барқияи таслият дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки Эмомуддин Аслзода, бародари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вафот кардааст.

“Кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти Эмомуддин Аслзода, бародари Вазири корҳои хориҷӣ муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ ва таслияти амиқ изҳор мекунанд. Руҳаш шоду манзили охираташ обод бошад”, гуфта мешавад дар паёми сӯгвории вазорати хориҷа.

Дар бораи иллати марги Эмомуддин Аслзода чизе гуфта нашудааст. Ӯ 61 сол дошт.

Эмомуддин Муҳриддин Аслзода (Аслов) аз хонаводаи пурнуфузи Асловҳост. Ӯ соли 1961 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омада, соли 1985  Донишгоҳи политехникии шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистонро хатм кардааст.

Аслзода номзади илмҳои техникӣ буда, то соли 2019 раиси ноҳияи Темурмалик ва аз он қабл то соли 2016 дар мақоми муовини вазири энергетика  буд. Ӯ аз он пеш ба ҳайси сардори раёсат дар ин вазорат ва ҳамчунин дар ниҳоди иҷроияи Бунёди наҷоти Арал кор кардааст.

Аслзода Эмомуддин, тибқи иттилои сомонаи расмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, моҳи январи соли 2017  дар ин донишгоҳ раисолаи илмии худро таҳти унвони «Хусусиятхои фаннӣ ва фановарии пармакунии чоҳҳои чуқур дар минтақаҳои азхудкунии қабатҳои намакдор (дар мисоли конҳои ковоки Афғонистону Точикистон)»  (“Технико-технологические особенности бурения глубоких скважин в зонах развития соленосных толщ (на примере месторождений Афгано-Таджикской впадины)”) дифоъ карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button