ВидеоЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ СИТОРАИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК ШЕРАЛӢ МУСТАФОҚУЛОВ

Журналисти шинохта, яке аз ситораҳои ТВ Тоҷикистон дар солҳои 80 ва 90 Шералӣ Мустафоқулов рӯзи 2 май, дар рӯзи иди саиди Фитр тарки ин олам кард.  Pressa.TJ хабар дод, ки  намози ҷаноза ва маросими дафни марҳум асри 2 май, соати 18 сурат мегирад.

Ҳафтаи гузашта низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари даргузашти Шералӣ Мустафоқулов паҳн шуда буд, вале баъдан пайвандонаш инро рад карданд. Вале онҳо  тасдиқ карданд, ки журналисти шинохта чанд вақт боз бемори вазнин аст.

Шералӣ Мустафоқулов журналисти дар солҳои 90-ум машҳури тоҷик, яке аз аввалин журналистони тоҷик аст, ки дар соли 1993 ба қароргоҳи гурезагон ба Афғонистон рафт ва аз рӯзгори онҳо гузоришҳо таҳия кард. Ӯ дар баргардонидани гурезагон ва пайдо кардани гумгаштаҳо нақши бориз дорад.

Аз ҷумла соли 1993 Шералӣ Мустафоқулов ба Афғонистон ба қароргоҳи гурезагони тоҷик рафта, аз рӯзгори онҳо гузоришҳо таҳия карда, тариқи барномаи “Во ғарибӣ…” пахш кард. Барномаи “Во ғарибӣ…“ сабаб шуд, ки даҳҳо гумгашта якдигарро пайдо кунанд.

Шералӣ Мустафоқулов узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи “Медали хизмати шоиста” ва чандин ҷоизаҳои дигари давлатӣ  буд. Pressa.TJ менависад, Шералӣ Мустафоқулов дар рушди ВАО, бахусус телевизион ва радио саҳми бориз дошта, дар ин соҳа шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи чандин очерку филмҳои мустанад буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button