ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ДУШАНБЕРО БА МАБЛАҒИ 406 ҲАЗОР ДОЛЛАР (!!!) ФИРЕБ ДОДААНД

Ду сокини Душанбе ва Хуҷанд ба он гумонбар мешаванд, ки моҳи феврали соли 2021 аз як сокини пойтахт бо роҳи фиреб барои равнақ додани тиҷорати сӯзишворӣ 406 ҳазор доллар гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

ххххххххххх

Як духтари 19-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки соати дуи шаби 24 апрел пинҳонӣ ба як нуқтаи савдо дар кӯчаи Шамсӣ даромада, чанд телефон ва ашёи гуногуни лозим барои тармими телефонҳоро ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 27 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани маблағи махсусан калон

010

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 45-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 15-уми феврали соли 2021, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 57-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои равнақ додани тиҷорати сӯзишворӣ аз ӯ 406 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

vor-0504

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 24-уми апрели соли 2022, тахминан соати 02:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили нуқтаи савдо, воқеъ дар кӯчаи Шамсии пойтахт, ашёҳои гуногуни таъмири телефонҳои мобилӣ ва телефонҳои мобилии гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҷавондухтари 19-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button