ИқтисодНомаҳо ба президент

ОҚИБАТИ “ИСМОИЛДАВОН”: РОҲЕ, КИ ПЕШ АЗ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТ ТАРМИМ ШУД, АЛАКАЙ БАЪДИ 10 РӮЗ РӮ БА ВАЙРОНӢ ОВАРДААСТ (5 АКС)

Асфалти нав хобонида дар роҳи кӯчаи ба номи Валентина Терешковаи шаҳри Панҷакент, бо гузашти ҳамагӣ 10 рӯз аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш аллакай ҷо – ҷо вайрон шудаанд. Роҳи ин кӯча пеш аз сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Панҷакент тоза таҷдиду навсозӣ гардида буд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 апрели соли ҷорӣ бо як сафари корӣ аз Панҷакент боздид карда, дар маросими ифтитоҳи чанд иншоот иштирок карда буд.

Соҳибназарон дар Панҷакент сабаби тез вайрон шудани асфалти роҳро ба риоя накардани қоидаҳои роҳсозӣ ва зуд иҷро кардани кор марбут медонанд.

Манбаъҳои пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз шаҳри Панҷакент хабар доданд, ки тармими роҳи кӯчаи Терешковаро 2-3 рӯз пеш аз ташрифи президент ба Панҷакент сар карда, ба сурати шитобзада дар як муддати кӯтоҳ ба иҷро расониданд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, ҳангоми таҷдиди роҳи кӯчаи Терешкова ба чандин хатогиҳо дар роҳсозиву насби ҷӯю қубурҳо роҳ додаанд.

Барои мисол қубурҳоро хобонид,  дарҳол мумфарш карданд. Яъне роҳ ба қадри кофӣ бо  “каток” суфта карда нашудааст. Камбудии дигар дар он аст, ки ғафсии асфалт ҳамагӣ чанд сантиметр аст, – мегӯяд яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод” аз Панҷакент.

Лӯлаҳои обгузар ҳам нодуруст шинонида шуда, аз ҷӯй пасттар мебошанд, ки дар ин ҳолат дохили он хеле зуд аз лой пур мешавад.

Дарозии роҳи тармимшуда ҳудуди 400-500 метрро ташкил медиҳад ва дар ин кӯча биноҳои додситонӣ ва додгоҳи шаҳри Панҷакент ҷойгир шудаанд.

Сокинон умедворанд, ки кормандони мақомоти додситонӣ то куҷо дуруст истифода шудани маблағҳо дар лоиҳаи тармими роҳи кӯчаи Терешковаро хоҳанд санҷид.

Ин аввалин бор нест, ки дар ин ё он минтақа пеш аз сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон корҳоро босуръати тез ва бесифат, ё ба қавли маъруф, бо шеваи “исмоилдавон” иҷро мекунанду иншооти сохта ё тармимшуда хеле зуд ба вайроншавӣ сар мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button