ВидеоТаърихХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМАГӢ 59 ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ БОҚӢ МОНДААНД

Дар Тоҷикистон то имрӯз ҳамагӣ 59 иштирокчии Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондаанд. Котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷиктстон Элмурод Турсунов ба хабаргузории “Авеста”  гуфт, ки ин омори ҳолати то 12 апрели соли 2022 аст. Моҳи апрели соли 2021 шумораи собиқадорони ҷанги дуюми ҷаҳон дар Тоҷикистон 98 нафар буд. Дар як соли охир боз 39 нафари онҳо тарки дунё кардаанд.

Бино ба иттилои Турсунов, дар шаҳри Душанбе 9 собиқадори Ҷанги бузурги ватанӣ боқӣ монда, 19 ветеран дар вилояти Суғд, 18 нафар дар вилояти Хатлон ба сар мебаранд. Ҳамин тавр, як дар Шаҳринаву Ҳисор сенафарӣ, дар Турсунзода ва Варзоб дунафарӣ ва дар ноҳияҳои Сангвор, Файзоборд ва Рӯдакӣ ҳамагӣ якнафарӣ аз собиқадорони ҷанг боқӣ мондаанд.

Бино ба иттилои манбаи “Авеста”, ветерани аз ҳама калонсоли Ҷанги бузурги ватанӣ Рашид Каримов аст, ки 9 майи соли 1912 ба дунё омада, 9 майи соли 2022, дар рӯзи Иди Ғалаба ба синни 110 мерасад. Ветерани аз ҳама ҷавонтарин Раҷаб Қурбонов аз ноҳияи Сангвор 96 сол дорад.

Дар ҷабҳаҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ба зидди Олмони фашистӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар аз сокинону зодагони Тоҷикистон ҷангидаанд. Аз ин шумор 92 ҳазор нафар дар ҷанг кушта ё беномунишон шуданд. 65 тан аз зодагони Тоҷикистон барои корнамоиҳояшон дар Ҷанги бузурги ватанӣ сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, 15 нафар сазовори ҳарсе дараҷаи ордени “Слава” шудаанд. Даҳҳо ҳазор ветерани дигар ҳам аз Ҷанги бузурги ватанӣ ба Тоҷикистон бо сари синаи пур аз ордену медал ва бадани пур аз ҷароҳат баргаштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button