ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

5 ҚУРБОНИИ 3 САДАМА: МАРГИ ДУ БАРОДАР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 20 апрел ва субҳи 21 апрел дар се садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 5 нафар ҷон бохтаанд. Аз ҷумла субҳи 21 апрел, соати 08:15 бар асари дар километри 21-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд»ба мошини боркаши “Шакман” бархӯрдани “Опел-Астра” ронандаи “Опел” Толибҷон Насруллоев, сокини Истаравшан ва бародараш Темур ҷон додаанд. Субҳи 21 апрел, соати 08:00 бар асари аввал ба “Опел-Вектра”  ва сипас ба “Тойота Камри” бархӯрдани «Ҳундай-Солярис» дар роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш ронандаи “Опел” ва мусофираш, ҳарду сокинони деҳаи Панҷдеҳ ба ҳалокат расидаанд.  Ҳамчунин шаби 20 апрел, соати 21:30, бархӯрди “Дулан” бо “Опел-Астра” дар ҳудуди ноҳияи Деваштич боиси ҳалокати зани 59-солаи мусофири “Опел” шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, 20-уми апрели соли 2022, тахминан соати 21:30, ронандаи автомашинаи боркашони тамғаи «Дулан», Шамсиев Ҳабибулло Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Қулдошев Мамур Нуралиевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Спитамен, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Опел-Астра”, Додобоева Зуҳро Ҷумъаевна, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, субҳи 21-уми апрели соли 2022, тахминан соати 08:15, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Насруллоев Толибҷон Юнусович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 21-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи боркашони тамғаи «Шакман», таҳти идораи ронанда, Исроилов Сафар Самиевич, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Ҳисор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Насруллоев Т.Ю. ва мусофираш, Насруллоев Темур Юнусович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Ҳвмчунин субҳи 21-уми апрели соли 2022, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Солярис», Халилзода Раббонӣ Баҳром, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Файзобод ба самти шаҳри Ваҳдат, дар шоҳроҳи «Ваҳдат-Рашт-Лахш» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Каримов Кароматулло Нуралиевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри мазкур бархӯрда, баъдан, бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри», таҳти идораи ронанда, Орипов Баҳодур Зафарович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Каримов К.Н. ва мусофираш, Саъдуллозода Мустафо Мирзораҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Панҷдеҳ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур, Исмоилова Мадина Саидаброровна, соли таваллудаш 1998 ва мусофири автомашинаи тамғаи «Хендай Солярис», Саидов Тоир Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1973, сокинони шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рўи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

https://t.me/ParvisTV/1040

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button