ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН БОЗ БА ЯК МАЪЮБ ХОНА ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Нашрияи “Оила” бо нашри як видео хабар дод, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ва роҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил” боз ба як зани маъюб хона туҳфа кардааст.

Бино ба гузориши “Оила” Фотима Мардонова маъюби гурӯҳи якум буда, солиёни зиёде дар зиндагӣ ранҷу азоб кашидааст. Ӯ аз модар солим ба дунё омада буд, вале дар натиҷаи як амалиёти ҷарроҳӣ аз пойи равон монда, маъюб гашт.

Аз як тараф ранҷи беморӣ ва аз ҷониби дигар ғами бехонагӣ Фотимаро ҳамеша азият медод, вале билохира дуояш мустаҷоб гашта, дар моҳи шарифи рамазон Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба ин зани маъюб хонаи нави замонавӣ туҳфа кард.

Фотима Мардонова дар Ҳисор ба дунё омадааст ва бо сабаби маъюбӣ дар шароити деҳа зиндагӣ кардан барояш бениҳоят душвор буд. Модараш аз ӯҳдаи парастории Фотима баромада наметавонист. Ягона муттакои Фотима духтари холааш буд, ки ӯро дар қатори фарзандони худаш нигоҳубин менамуд, аммо дар хонаҳои иҷора ва муввақатӣ.

Инак, баъди солҳои зиёди азоби бехонагӣ бо шарофати Маҳмудҷон Муродов ин зани маъюб соҳиби манзили шахсии худ гашт ва метавонад минбаъд дар хонаи худаш бе малол умр ба сар барад.

Манзиле, ки Маҳмудҷон Муродов ба Фотима Мардонова тақдим намудааст, ба пуррагӣ таъмир шуда, бо қолину палос, мебел ва дигар техникаву таҷҳизоти рӯзгор таъмин карда шудааст. Бино ба гузориши “Оила”, дар манзили нави Фотима тамоми шароити зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд ва бо дидани ин хонаи қашангу зебо дар чашмони ин зани ранҷкашида қатраҳои ашк пайдо шуданд, вале ин ашкҳо ашки шодӣ буданд.

Маҳмудҷон Муродов ҳангоми супурдани калиди хона ба Фотима Мардонова дуо кард, ки аз ин хона фақат садои хандаю шодӣ ва садои қироати “Қуръон” баланд шавад.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон гуфт, ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон қарзи инсонии ҳар як ватандор аст.  Ин соҳибкори банангуор дар гузашта низ ба чандин оилаи муҳтоҷ хона туҳфа карда буд.

“Оила” изҳори умед кардааст, ки дигар соҳибкорони ватанӣ аз Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ибрат гирифта, дар моҳи мубораки рамазон, ки моҳи хайру эҳсон мебошад, ба чунин одамони мӯҳтоҷ ва ниёзманд дасти мадад дароз менамоянд, зеро барҳақ фармудаанд:

Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button