ВидеоҲуқуқи инсон

ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК МУҲАММАДЮСУФ ИСМОИЛОВ БАЪДИ 9 СОЛ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик, ки аз соли 2011 дар зиндон қарор дошт, рӯзи 16 апрел баъди 8 соли 10 моҳ аз маҳбас озод шуд. Дар ин бораи наздикони хабарнигор ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд.  Исмоилов, ки соли 2013 бо иттиҳоми гӯё тамаъҷӯӣ ба маблағи … 400 сомонӣ ба 11 соли зиндон (!!!) маҳкум шуда буд, дар як маҳбас дар шаҳри Хуҷанд андои ҳукм мекард. Худи хабарнигор иттиҳоми тамаъҷӯиро рад мекард ва мегуфт, роҳбарони вақти зодгоҳаш, ноҳияи Ашт бо ин туҳмат аз вай барои мақолаҳои танқидиаш интиқом гирифтанд.

Ду сол пеш мақомот ваъдаи озодии Муҳаммадюсуф Исмоиловро дода буданд ва бо талаби онҳо, идораи сомонаи “Ахбор” 600 доллар маблағи зарари пардохтношуда дар парвандаи хабарнигорро ба маъмурияти маҳбасе, ки ӯ адои ҳукм мекард, супурд. Вале мақомот ба ваъдаи худ вафо накарданд ва ӯро барои ҳамагӣ 400 сомонӣ қариб 9 сол пушти панҷара нигоҳ доштанд.

Ҳоло ҳам бар асоси қонуни афв ду сол аз ҳукми Исмоиловро кам кардаанд, вале ӯ бар асоси ҳукми соли 2013 боз се соли дигар баъди озод шуданаш аз маҳбас ҳаққи фаъолияти хабарнигориро нахоҳад дошт.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хуҷанд, ки  дар қатори хешовандонаш Муҳаммадюсуф Исмоиловро дар назди дарвозаи маҳбас пешвоз гирифтааст, мегӯяд,  вазъи сиҳатӣ ва равонии Муҳаммадюсуф Исмоилов хуб ба назар мерасид ва ӯ гуфтаааст, аз хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ сипосгузор аст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи ӯ садо баланд мекарданд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки бештар дар бораи мушкилоти ноҳияи Ашт дар расонаҳои Тоҷикистон мақолаҳои танқидӣ чоп мекард, ду дафъа зиндонӣ шудааст.

Соли 2011 ӯ барои нашри мақолаи интиқодие бо номи “Ашт валангор мегардад” бо иттиҳоми “таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» боздошт шуд ва 11 моҳро пушти панҷара ба сар бурд. Ӯро он дафъа созмонҳои журналистӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ бо роҳандозии як маъракаи густардаи пуштибонӣ тавонистанд озод кунанд, вале 24 июни соли 2013 Муҳаммадюсуф Исмоиловро дубора  ва ин дафъа бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” дастгир карданд. Бино ба фарзияи мақомот, Исмоилов гӯё ба ду зан дар Ашт таҳдид карда, аз онҳо гӯё 400 сомонӣ пул ситондааст. Додгоҳ барои ин хабарнигорро ба 11 соли зиндон маҳкум кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button