Илму фанноварӣТоҷикистонЧеҳраҳо

ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ АЗ ХУҶАНД САЗОВОРИ ГРАНТ БА МАБЛАҒИ ЯК МИЛЛИОН ДОЛЛАР ШУД!

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд аз қавли директори Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд  Сурайё Неъматова хабар дод, ки хонандаи синфи 11-уми ин мактаб Алишер Қосимов дар озмунҳои Донишгоҳҳои Амрико дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза – гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ ва имтиёзи таҳсили ройгон дар 8 Донишгоҳи бонуфузи кишвари Амрико ва Шветсарияро ба даст овардааст.

Донишгоҳҳои бонуфузи Амрико, аз ҷумла: Донишгоҳи Дрейк дар штати Айова, донишгоҳи Эмори ва Хенри дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷинияи Ғарбӣ дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Ла Верна дар штати Калифорния, донишгоҳи Аризона дар штати Аризона, донишгоҳи Гарднер Веб дар штати Каролинаи Шимолӣ, донишгоҳи Невада дар Лас Вегас ва донишгоҳи Франклин дар кишвари Швейтсария бо ирсоли мактуби расмӣ эълони омодагии қабули хонандаи тоҷикро тариқи буҷавӣ(ройгон) намуда, изҳори умед намуданд, ки ӯ ҳангоми интихоб донишгоҳҳои онҳоро қабул мекунад.

Ин мактабҳои олӣ ба қатори донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил шуда, 5 соли омӯзиш дар ҳар кадоми ин донишгоҳҳо аз 80 ҳазор то 170 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Алишер Қосимов – хонандаи Литсейи Хуҷанд яке аз аз омилҳои ба ин муваффақияти комил расидани худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар ин мактаб медонад.

Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирокаш дар озмунҳои мазкур ӯ дар давоми 2 моҳ “эссе” – ро бо забони англисӣ навишта пешниҳод намуд ва ғолиб гардид.

Алишер Қосимов ният дорад, дар оянда духтур – ҷарроҳи асаб гардида, баъди хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргардад ва баҳри рушди тибби тоҷик саҳм гузорад.

Ин дастоварди ягонаи хонандагони ин боргоҳи таълимӣ нест. Моҳи декабри соли гузашта се хонандаи ин Литсей Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар Таиланд ғолиб омада, соҳиби шоҳҷоиза  220 ҳазор доллар гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои шимолӣ гардида буданд.

Дар литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин имкон медиҳад, ки хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Танҳо дар соли хониши 2021-2022 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 13 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Руссия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 356 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button