ВидеоМуҳоҷирон

ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БАРОИ ЯК “АҲМАҚ” АЗ РУСИЯ ПЕШ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, занозании гуруҳии субҳи 1 апрел байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҳалли сохтмони бинои истиқоматии гаронбаҳои ЖК «Сердце столицы» дар мавзеи Шелепихинская набережнаяи шаҳри Маскав аз муноқишаи ночизи байни ду муҳоҷир сар шудааст. Гуфта мешавад, ки гӯё як коргари тоҷик як коргари дигар аз Ӯзбекистонро “дурак” (“аҳмақ”) гуфтааст ва  баъди онки ин ду нафар дастбагиребон шуданд, муҳоҷирони боқимонда ба муноқиша ҳамроҳ шудаанд.

Бино ба иттилои Агентии муҳоҷирати берунии Ӯзбекистон, дар пайи занозанӣ дар маркази Маскав 41 коргар аз Тоҷикистон ва 85 нафар аз Ӯзбекистон боздошт шудаанд. Бино ба маълумоти ин ниҳод, 20 шаҳрванди Ӯзбекистонро ба эҳтимоли ғолиб аз Русия ихроҷ мекунанд.

Сафорати Тоҷикистон ва намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав то кунун ин қазия ва вазъи муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷикро шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, субҳи ҷумъа, 1 апрел, ба пулис дар бораи занозании гуруҳӣ дар сохтмони бинои истиқоматӣ дар мавзеи Шелепихинская набережная, хонаи №34/7 хабар расид.  Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, тарафҳои даргирро ҷудо карданд. Хушбахтона, касе осеб надидааст, вале дар пайи ин ҳодиса 126 нафарро дастгир ва бо иттиҳоми майдаавбошӣ ба ҳабс гирифтанд.

Танҳо дар ду ҳафтаи ахир ин алакай дуюмин занозании байни муҳоҷирон аз Осиё Марказӣ дар шаҳри Маскав аст.

Тавре қаблан хабар додем, дар ҷараёни занозании гуруҳии муҳоҷирон, ки шаби 22 март дар деҳаи Сосенское дар минтақаи Новая Москва рух дод, 43 нафар боздошт гардида, як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро бо захми корд аз қафаси сина ва пои росташ дар бемористон бистарӣ кардаанд. Додситонии Маскав гуфт, дар пайи ин занозанӣ ва корд хӯрдани муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми сӯиқасди куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба гуфтаи додситонӣ, оне, ки ин занозаниро сар кард, дастгир шудааст, вале ҷустуҷӯи нафаре, ки ҷавони тоҷикро ду корд зад, ҳанӯз идома дорад.  Гуфта мешавад, ки дастикам 20 муҳоҷир дар заминаи маишӣ аз гиребони якдигар гирифта, дар ҷараёни занозанӣ аз чӯбу калтак ва ҳатто аз корд истифода бурдаанд. Сабаби занозанӣ рӯшан нест. Ин ҳам маълум нест, ки кӣ бо кӣ дастбагиребон шудааст. Парвиз ТВ хабар дод, ки дар Новая Москва муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон занозанӣ кардаанд.

Ҳоло муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳо метавонанд аз Русия ихроҷ кунанд. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button