ВидеоҶомеа

ХУМОРИ НОС САБАБИ ЯКБОРА БА 7 МОШИН БАРХӮРДАНИ АВТОБУС ДАР ДУШАНБЕ ШУДААСТ (ВИДЕО)

Сабаби рӯзи шанбе, 2 апрел якбора ба 7 мошини такси бархӯрдани автобуси №33 дар маркази шаҳри Душанбе маълум шуд. Тавре рӯзи 4 апрел дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба  хабаргузории “Азия Плюс” хабар доданд, “маълум шудааст, ки ронандаро сари чанбараки автобус хобаш бурдааст”.

Ба иттилои милитсияи Душанбе, ташхиси хуни ронандаи автобуси №33 дар мавриди мавҷуд будан 1 набудани машрубот ва маводи нашъаовар дар бадани Назар Назаров, натиҷаи манфӣ додаааст. Вале, афзудаанд дар милитсияи пойтахти Тоҷикистон, ронанда дар моҳи шарифи Рамазон рӯза гирифта буд.

“Ронанда носкаш буда, дар вақти рӯзадорӣ аз истеъмоли он даст кашидааст. Шояд бо ҳамин сабаб ё аз камхобӣ сари чанбарак хобаш бурдааст. Чун касе осеб надид, ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешавад. Лекин тафтишот идома дошта, моддаи дақиқи ҷавобгарӣ баъдан маълум мешавад”, – гуфтаанд дар раёсати корҳои дохилии Душанбе.

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе қаблан хабар дод, ки рӯзи 2 апрели соли 2022  тақрибан соати 13-35 дақиқа ронандаи автобуси мусофиркашони ККВД «Автобус-1» хатсайри №33, рақамҳои қайди давлатиаш 57 87 ТТ 05 шаҳрванд Назаров Назар Нуралиевич, санаи таваллудаш 01.01.1986, истиқоматкунандаи н.Варзоб ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошинҳои дар канори роҳ истода бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садама 7 мошини сабукрав, асосан мошинҳои такси ва худи автобус зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд.

РВКД Душанбе гуфт, хушбахтона, дар натиҷаи ин садамаи нохуши нақлиётӣ ягон нафар осеб ва ё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ набардоштааст.

Дар видеои кӯтоҳе, ки як нусхаашро шоҳидон ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ фиристоданд, дида мешавад, ки издиҳоми бузурге дар ҷои ҳодиса ҷамъ шуда, мошинҳои осебдидаро тамошо доранд.

https://youtube.com/shorts/RxGHofTQl9E

Ин бори аввал нест, ки автобусҳои мусофиркаши  ККВД «Автобус-1» сабаби садама мешаванд.

Аз ҷумла  8-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:35, ронандаи автобуси тамғаи “АКИА”, аломати қайди давлатиаш 99-73 ТТ09, ки ба ККВД “Автобус 1” тааллуқ дорад, Мирдонов Шуҳрат Асатуллоевич, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, ки дар хатсайри №18-и шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул буд, дар вақти ворид шудан ба сероҳаи бозори “Корвон”, бо сабаби истеъмоли барзиёди дорувории “Баралгин”, аз таъсири ин доруворӣ аз ҳуш рафта, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромад ва бо  4 мошин бархӯрд ва ҳамчунин Шабнам Ҳасанова ном сокини 26солаи пойтахтро пахш кард. Мутаассифона, Шабнам Ҳасанова дар ин ҳодиса ба ҳалокат расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button