ВидеоҶомеа

МУТТАҲАМИ АСОСӢ ДАР КУШТОРИ 4 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР ҶАЙҲУН АЗ БАЁНОТАШ ДАСТ КАШИД (ВИДЕО)

 Бино ба гузориши хабарнигори “Азия Плюс” Сайраҳмон Назриев , Қиёмиддин Насриддинов, яке аз ду муттаҳами асосӣ дар куштори пурсарусадои 4 узви оилаи Маҳмадовҳо аз ноҳияи Ҷайҳун дар мурофиаи додгоҳӣ аз баёноти дар давраи тафтишоти пешакӣ додааш даст кашида, гуфтааст,  ӯро таҳти шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ кардаанд ва ӯ худро гунаҳкор намешуморад. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш шаби 12 июни соли 2021  ба таври ваҳшиёна бо табар кушта шуданд. Қиёмиддин Насриддинов, ҳамсари ӯ Адолат (Ситам) Шерматова ва Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев бар асоси моддаи 104, қисми 4 ба куштори 4 нафар бо бераҳмии махсус, моддаи 32, қисми 3, моддаи 104, қисми 2, қасди куштори 2 нафар ва моддаи 255, қисми 2 (қасдан сӯзондани молу мулки ғайр) айбдор мешаванд. Насриддинов ва Ҳайбуллоевро бар асоси моддаи 244  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба дуздӣ ҳам айбдор мекунанд.

Вале Қиёмиддин Насриддинов дар мурофиа гуфтааст: “Бале, ман худро дар дуздӣ гунаҳкор мешуморам, вале моддаҳои дигарро ба гардан намегирам. Ман Маҳмадовҳоро накуштаам. Тамоми баёноте, ки ман дар давраи тафтишоти пешакӣ додам, таҳти фишори кормандони милитсия ва муфаттишон буд”.

Насриддинов гуфт, ӯро тавассути шиканҷа ва таҳдид маҷбур кардаанд, ки ин гуноҳро ба гардан гирад:  “Ману Аҳлиддин Маҳмадов хешу табор будем ва ман ҳеҷ гоҳ ҳамсарамро ба ӯ рашк намекардам. Аз кушта шудани ӯ ман субҳ, вақте хабар ёфтам, ки барои овардани зану кӯдаконам ба хонаи хушдоманам мерафтам. Шаби ҳодиса ман дар хонаи хушдоманам будам ва ману писарам соати 22 ба хона баргаштем. Тахминан соати 23 ман аз хона баромадам, то бо ҳамсари Маҳмадғаюр (муттаҳами дуюм дар ин парванда) суҳбат кунам. Вай дар шашликхонаи сари роҳ кор мекард. Ба ман гуфтанд, ки ҳамсари Маҳмадғаюр  ӯро ба ҳамсари ман рашк мекунад. Мехостам дар ин бора гап занам, вале вайро наёфтам ва ба хона баргаштам. Субҳи рӯзи дигар ба хонаи хушдоманам мерафтам, ки аз куштори Аҳлиддин хабар шудам. Дар пеши хонааш одами зиёд буд. Ман мехостам гузашта равам, ки ду корманди милитсия маро манъ кардандан ва ба ҷамоат бурданд. Дар онҷо маро пурсиданд, ки шаб куҷо будам ва ба чӣ кор машғул будам? Маҳмадғаюрро ҳам баъдтар оварда, бозпурсӣ карданд ва сипас моро ҷавоб доданд. Як рӯз баъд моро ҳабс карданд ва дар шуъбаи милится манро заданд ва маҷбур карданд, ки ин ҷиноятро ба калла бигирам. Аввал не гуфтам, вале ба шиканҷаҳои пайваста тоб наовардам ва ҳарчӣ, ки онҳо мехостанд, ба калла гирифтам”.

Бо ҳамин додгоҳ то 4 апрели соли 2022 танаффус эълон кард.

Мурофиаи парвандаи пурсарусадои қатли 4 узви оилаи Маҳмадовҳо дар додгоҳи вилояти Хатлон таҳти раёсати Хусрав Холдорзода 9 март оғоз ёфт. Холдорзода қаблан гуфт, ки ҷаласаи рӯзи 16 мартро онҳо дар ноҳияи Ҷайҳун доир карданд, чунки ҷабрдидаҳо (ҳамсар ва як писари зиндамондаи Аҳлиддин Маҳмадов) ба сабаби вазъи саломатиашон барои иштирок дар мурофиа ба шаҳри Бохтар омада наметавонистанд. Писари зиндамондаи ин хонавода то ҳол бо душворӣ гап мезанад ва баёноти ӯро танҳо бо кумаки равоншинос тавонистаанд бигиранд.

Бино ба иттилои “Азия Плюс”, Латофат Азизова, ҳамсари Маҳмадов, дар ҷараёни мурофиа низ баёнот додааст, ки он шаб, вақте бедор шуд, Адолат Шерматова, мулаққаб ба Ситамро дид, ки нури чароғи фонарикро ба рӯи шавҳараш Аҳлиддин равон карда буд ва дар ҳамин ҳангом яке аз муттаҳамон бо табар Аҳлиддинро зад.

ВКД қаблан дар як гузориш гуфт, ин фоҷиа аз он рӯй дод, ки Ҳайбуллоев ба Насриддинов гуфтааст, ки ҳамсараш бо Маҳмадов равобити пинҳонии ошиқона дорад. Қиёмиддин Насриддинов дар баёноташ гуфт, аз сари рашк ин корро кардааст: “Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев ба ман гуфт, ки Аҳлиддин Маҳмадов бо оилаи ман мегардад. Ҳамон рӯз оилаи ман қаҳр карда, ба хонаи хушдоманам рафт. Ман ҳам аз пасаш рафтам ва онҷо ҷанҷол шуд байнамон. Ман рафтам, Аҳлиддинро фарёд кардам ва бо ҳам ҷанҷолу “разбор” кардем. Баъд Аҳлиддинро оилааш кашиду бурд, оилаи ман ҳам хонаашон рафту ман ба хонаи худам омадам.  Соати дуи шаб хестаму либосҳоямро пӯшидам, табарро гирифтем ва ҳамроҳи Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев ба хонаи Аҳлиддин рафтем. Ба хонааш даромада, аввал Аҳлиддинро ҳамроҳи занаш ва як бачааш задем. Баъд ба хонаи дигар даромада, кӯдакони дигарашро ҳам задем. Баъд соляркаро пошида, даргирондем хонаҳоро…”

Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр ҷараёни корро дар барномаи “Ахбори ВКД” чунин нақл кард: “Вақте рафтем, Қиёмиддин мардакро зад, ман занакро задам. Ба бари рӯи занак задам. Баъд дар хонаи дигарӣ кӯдаки якумашонро ӯ худаш зад, дуюмашро ман задам, сеюм кӯдакро боз ӯ худаш зад.  Баъд баромадем, рафтему табару мабарро тоза шустем дар лаби дарё ва омадем ба хонаи Қиёмиддин. Ӯ гуфт, бар, парто табарҳоро. Ман гирифтам, бурдам, дар пеши хонааш як ғор буд, дар ҳамон ғор дангалаашон кардам. Гуфт, инҷо мусор мепартоянд, таги мусор мешавад, меравад, гуфт. Бо ҳамин, вай ба хонааш рафту ман ҳам ба хонаам рафтам…”

Вале Адолат Шерматова, ҳамсари Қиёмиддин Насриддинов, ки ҳоло ба даст доштан дар ин куштор айбдор мешавад, қаблан гуфта буд, ки кормандони милитсия вайро маҷбур карда истодаанд, то ба зидди шавҳараш баёнот диҳад. “Таъкид карданд, ба гардан гир, ки ҳамроҳи шавҳарат рафта, пушти дар нишастӣ ва дидӣ, ки ӯ ҳамин ҷиноятро кардааст. Дашном мекунанд, азоб медиҳанд, ки ба калла гир. Дар асл чизеро надидаам, шаби ҳодиса дар хонаи модарам будам”, — гуфта буд Шерматова.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button