ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

МОДАРИ 6 ФАРЗАНДРО ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ БАДГУФТОРӢ ҶАРИМА БАСТАНД (2 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки дар пойтахти  Тоҷикистон ахиран як занро барои бадгуфторӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастгир кард ва ҷарима бастаанд. Ба гуфтаи мақомот, танҳо ин ки ӯ дар тарбияаш кӯдаки ширмак дошт, Ситора Газиеваро аз ҳукми ҳабс наҷот дод.

Милитсияи Душанбе дар гузоришаш мегӯяд, “Зан-Модарро пеш аз ҳама барои иффату покдоманӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳамагон эҳтиром намуда, нисбаташ арҷгузорӣ менамоянд. Аммо воқеан боиси таассуфуи бузург ва нанг аст, ки баъзан с амалҳои нописандида ва хоркунандаи номи зан аз ҷониби баъзе занон содир мегарданд”.
Аз ҷумла санаи 29-уми марти соли 2022 дар шабакаҳои интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он дашному алфози ниҳоят қабеҳи як нафар зан дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ инъикос ёфтааст. Бисёриҳо рафтори ин занро шадидан маҳкум намуда, аз РВКД Душанбе хостанд, то нисбат ба ӯ дар доираи қонун чораандешӣ карда шавад.
 Маркази матбуоти милитсияи Душанбе мегӯяд, дар натиҷаи ба роҳ мондани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Газиева Ситора Файзалиевна, санаи таваллудаш 18.11.1987, зода ва сокини шаҳри Ҳисор, кӯчаи Сохтмончиён, соҳиби 6 фарзанд мебошад, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ бо моддаи 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

“Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидону дастгиршуда муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 28-уми марти соли ҷорӣ, тақрибан соати 15:00 дақиқа, дар дохили автомашинаи мусофиркашони ҷамъиятии шаҳри Душанбе содир гардидааст. Номбурда пурра ба гуноҳи содирнамудаи худ иқрор гардида, узрхоҳӣ намуд”, гуфта мешавад дар иттилоияи милитсия.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати Газиева Ситора тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳ шартан барои дар тарбияи худ доштани кӯдаки ноболиғ (6-моҳа) ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button