ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДИҚҚАТ! МОДАРИ КӮДАКИ ШИРМАК ГУМ ШУДААСТ. БАРОИ ЁФТАНИ МАВЗУНА КУМАК КУНЕД!

Маҳмадрасулова Мавзуна Анваровна, санаи таваллудаш 10 августи соли 2001, сокини шаҳри Душанбе, ҷамоати Россия, кӯчаи Яккатут, хонаи №306, субҳи 19 марти соли 2022, соати 08:00 аз хона баромада, бо ҳамин бедарак шудааст.

Ин ҷавонзан модари як кӯдаки шашмоҳаи ширмак аст, ки дар хона мондааст.

Наздиконаш аз ҳамагон барои ҷустуҷӯи Мавзуна кумак металабанд. Аз онҳое, ки дар бораи куҷо будани Мавзуна Маҳмадрасулова маълумоте доранд, вай ӯро тасодуфан дар ягон ҷо дида бошанд,  бо ин рақам занг зананд:

+992 907 89 89 08

Хабари бедарак шудани Мавзуна Маҳмадрасулова дар ҳолест, ки ахиран Умеда Аҳадова, як духтари 19-солаи сокини Душанберо, ки аз бемории рӯҳӣ ранҷ мекашид, рӯзи 29 март баъди 6 рӯзи гум шуданаш аз Норак пайдо карданд. Ин духтар рӯзи 23 март гум шуда буд.

 Хуршеда, хоҳари Умеда гуфт, ӯро бо шарофати эълони нашршуда дар расонаҳо пайдо кардаанд. Бино ба нақли Хуршеда, як духтар дар Норак Умедаро бар асоси акси дар расонаҳо ва Интернет чопшудааш шинохта,  ба хонаводаи ин духтар хабар додааст ва ӯро то омадани наздиконаш дар хонаи худ  нигоҳ доштааст.

Аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш мекунем, ки ҳамин гуна дар пайдо кардани Мавзуна Маҳмадрасулова низ камари ҳиммат бубанданд ва якҷоя даст ба дуо бикушоянд, то Худованд ин ҷавонзанро ба пеши наздиконаш ва фарзанди хурдсолу ширмакаш баргардонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button