ВидеоҶомеа

АЗ 100 ТО 500 ДОЛЛАР! ДАР ДУШАНБЕ ТАШКИЛКУНАНДАИ ФОҲИШАХОНАИ ИНТЕРНЕТИРО ДАСТГИР КАРДАНД (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон бори аввал аз боздошти зане хабар дод, ки бизнеси танфурӯширо бо истифода аз технологияҳои навин ва Интернет ба роҳ мондааст.

Дар гузорише, ки дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта мешавад, ки як ҷавонзани сокини Душанбе аксҳои занҳои танфурӯшеро, ки барои ӯ кор мекарданд, аз тариқи мессенҷери ВатсАпп ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ  ба муштариён мефиристод ва сипас баъди интихоби фоҳишаи барои муштарӣ маъқул бо ӯ нархи хидматҳояшонро  савдо мекард ва фоҳишаро барои “хидмат” ба пеши муштарӣ мефиристод.

Ҳар як фоҳишаи ин “фоҳишахонаи интернетӣ” аз 100 то 500 доллар нарх доштааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки аз тарафи кормандони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД (УБОП) шаҳрванд Эмомова Меҳрона Абдурабиевна, с.т. 1999, сокини ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми даллагӣ ва ташкили фоҳишахона дастгир шуд.

Меҳрона Эмомова дар ин гузориш ду сол боз  бо ҳамин роҳ машғул шуданаш ба даллагиро эътироф карда, гуфт:

– Клиентҳо менавиштанд ё занг мезаданд, ки духтар даркор аст. Суратҳои духтаронро роҳияшон мекардам ва кадомеашро, ки маъқул мекарданд,  рақами телефонашонро медодам ба онҳо.  Вай сӯмро дар кортам мепартофт.

– Барои чӣ равон мекардед он духтаронро?

-Барои танфурӯшӣ.

– Чӣ қадар маблағ мегирифтед?

– аз 100 то 500 доллар.

– Худат чӣ қадар мегирифтӣ аз сари ин маблағҳо?

– 50 ё 100 доллар.

Ба зидди ин ҷавонзан бо иттиҳоми даллагӣ, ташкили фоҳишахона ва ҷалби занону духтарон ба танфурӯшӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ба Меҳрона Эмомова бар асоси моддаҳои 238 ва 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи бузург ваё то 8 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Вале таҷриба нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон дар бисёр мавридҳо даллаҳо бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд ва боз аз пайи ҳамон шуғли қадимаи худ мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button