ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ГЕНЕРАЛ МИРЗОНАБОТ: АЗ 21 МАРТ ИНТЕРНЕТ ДАР БАДАХШОН ПУРРА БАРҚАРОР КАРДА МЕШАВАД (ВИДЕО)

Генерал Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 18 март дар як ҷаласаи ғайринавбатиаш дар Хоруғ хабар дод, ки азбаски вазъ дар вилоят ба эътидол омадааст, аз 21 март дастрасии сокинон ба Интернет пурра барқарор карда мешавад.

ТВ “Бадахшон” шоми 18 март хабар дод, ки дар ин ҷаласа асосан масоили тағйироти кадрӣ ва дастрасии сокинон ба Интернет баррасӣ шуда, ҳамчунин ВКД Тоҷикистон ба чанд мансабдори баландпояи вилоят барои “саҳми арзандаашон дар таҳкими сулҳу субот” ҷоизаҳои пулӣ додааст.

Алишер Мирзонабот дар суханрониаш гуфтааст, “бо сабабҳои вазъи моҳи ноябр дар Роштқалъа ва Хоруғ баамаломада, инчунин бо мақсади тоза нигоҳ доштани фазои иттилоотӣ муваққатан шабакаи Интернет дар ҳудуди вилоят қатъ гардид”.

Раиси вилоят хабар дод, ки дар  ин муддат 5 гуруҳи ҷинояткор бо 27 узваш ба ҷавобгарӣ кашида шуда, инчунин 6 узви гуруҳҳои қочоқбари маводи мухаддир дастгир гардиданд.

ТВ “Бадахшон” гуфт, “бо ба эътидол омадани вазъи шаҳру навоҳӣ ва вилоят  бо иқдоми раиси вилоят аз санаи 21 март дар ҳудуди вилоят алоқаи интернетӣ комилан барқарор мегардад”.

Генерал Мирзонабот ҳамчунин аз паҳн кардани маълумоти дурӯғу иғвобарангез дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет ҳушдор дода, гуфтааст, чунин аъмол ҷавобгарии ҷиноиро ба дунбол дорад.

Дар ҷаласа эълон шуд, ки Маҳмадюсуф Атабеков ба вазифаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят таъйин шудааст. Инчунин Зеваршоев Баракатшо иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии вилоят таъйин гардидааст.

Дастрасӣ ба Интернет дар Бадахшон аз 25 ноябри соли 2021, дар пайи шурӯи эътирозҳо масдуд карда шуд. Вазъ дар ВМКБ дар пайи дар боздошт ба таври мармуз кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков бад шуд. Сокинони вилоят бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Зиёбеков 4 рӯз эътироз карда, танҳо баъди гирифтани ваъдаи мақомот ба таҳқиқи ин қазия ва барқарор кардани дастрасӣ ба Интернет пароканда шуданд. Тибқи ваъда мақомот мебоист дастрасӣ ба Интернетро дар зарфи 2 рӯз, яъне то 30 ноябр пурра барқарор мекарданд. Аммо ин ваъда иҷро нашуд ва танҳо акнун бо гузашти қариб 4 моҳ мақомот ваъда доданд, ки аз 21 март дастрасӣ ба Интернет дар Бадахшон барқарор мешавад.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон  танҳо баъди чанд моҳ шарҳ дода буд, ки гӯё дастрасӣ ба Интернтеро дар Бадахшон “ба сабабҳои амниятӣ” то ба ҳадди 2Г маҳдуд кардаанд.

Аммо Мишел Бачелет, Комиссари олии Созмони Милал дар масъалаи ҳуқуқи инсон, рӯзи 7 март дар иҷлосияи 49-уми Шӯрои ҳуқуқи инсон дар суханрониаш бо изҳори таассуф аз идомаи қатъи Интернет дар Бадахшон инро “ба таври ошкор поймол кардани ҳуқуқи инсон” номид. Ӯ гуфт: “Хушунатҳо байни нирӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи ҳуқуқи инсонро дар ин минтақа боз ҳам бадтар карда, як фазои тарсу таъқибро ба вуҷуд овардааст. Ман аз идомаи қатъи дастрасӣ ба Интернет дар ин вилоят изҳори таассуф мекунам. Ин ба таври ошкор поймол кардани ҳуқуқи инсон аст”.

Ҳамин тавр, сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ рӯзи 16 март бо нашри як баёнияи вижа аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ба озодии иттилоот эҳтиром бигузорад ва дастрасии комили сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Интернетро барқарор кунад.

Сафорати Амрико дар баёнияаш, ки дар саҳифаи сафорат дар Фейсбук нашр шуд, навишт: “16-уми март дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба унвони Рӯзи озодии иттилоот ҷашн гирифта мешавад. Бар асоси Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, ки тавассути кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст: «Ҳар як инсон ҳуқуқи озодии ақида ва баён дорад. Ин ҳуқуқ шомили озодии доштани ақида, бидуни дахолат, ҷустуҷӯ, дарёфту интишори иттилооту ақида аз тариқи расонаҳо, сарфи назар аз марзҳо аст.» Сафорати Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон аз маҳдуд кардани интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нигарон аст, зеро ин амал имкони дастрасии сокинони вилоятро ба иттилоот, пешбурди тиҷорат ва озодии баён таҳти таъсир қарор додааст. Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба ин озодии бунёдӣ эҳтиром бигузорад ва дастрасии комили мардуми ВМКБ ба интернетро барқарор кунад.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button