ВидеоИқтисодМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҚУРБИ 1000 РУБЛ ТО 135 СОМОНӢ БОЛО ХЕСТ, ВАЛЕ БАРОИ ҲАМАГӢ ЧАНД СОАТ

Рӯзи 17 март қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ ба таври қобили мулоҳиза боло рафта, то ба ҳадди 133-135 сомонӣ барои 1000 рубл расид. Аз ҷумла бонкҳои “Эсхата” ва “Ҳумо” нимаи аввали рӯзи 17 март барои 1000 рубл ба муштариёни худ 135 сомонӣ пешниҳод мекарданд ва 1000 рублро бо қимати 140 сомонӣ ба фурӯш гузошта буданд. Дар биржаи байналмилалӣ низ қурби 1000 рубл то ба ҳадди 133 сомонӣ боло рафт.

Ин ҷаҳиши қурби рубл нисбат ба сомонӣ, ки чанд соат давом кард, фурсати хубе барои муҳоҷирони тоҷик барои қурби хуб табдил кардани пасандозҳои худ аз рубл ба сомонӣ ва асъори дигар буд, ки мутаассифона, дер давом накард.

Нимаи дуюми рӯзи 17 март қимати 1000 рубл дар биржа то ба ҳадди 123-124 сомонӣ пойин омад ва “Эсхата” низ нархи хариди 1000 рублро то ба 123 сомонӣ  ва “Ҳумо” то 110 сомонӣ пойин овард. “Ориёнбонк” ҳоло 1000 рублро бо қурби 117 сомонӣ иваз мекунад. Бонки миллии Тоҷикистон бошад қурби расмии 1000 рублро 122,3 сомонӣ муқаррар кардааст.

Қурби рубли русӣ баъди 24 феврал, бо шурӯи амалиёти ҳарбии Русия ба зидди Украина, дучори уфтухезҳои  дарднок дар баробари дигар асъори хориҷӣ шудааст.  Қурби як доллар, ки то ҷанги Украина дар давру бари 80 рубл буд, як муддат то ба ҳадди 155 рубл хест, вале рӯзи 17 март дар ҳудуди 105 рубл чарх мезад.

Қурби 1000 рубл дар баробари сомонӣ то 24 феврал 149 сомонӣ буд ва дар байни то ба ҳадди 80-90 сомонӣ ҳам пойин омад, вале ҳоло як каме ором гирифта, нимаи аввали 17 март ҳатто то ба қуллаи 135 сомонӣ боло рафт. Мутаассифона, ҳамагӣ барои чанд соат.

Иқтисоддонҳо бар инанд, ки агар ҷанг дар Украина ҳамчунон давом кунад ва Русия дар ботлоқи ин ҷанг фурӯтар биравад, қурби рубл тибқи муодилаи “як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо” ҳамчунон коҳиш ёфтан мегирад. Хусусан агар ҷомиаи байналмилалӣ ба таҳримоти аз ин ҳам сангинтар ба зидди Русия иқдом кунад.

Уфти қурби рубл ба сатҳи даромади муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик дар Русия зарбаи ҷиддӣ зада, пасандозҳои онҳоро, ки асосан бо рубл захира мекарданд, беқурб кард. Ҳамин тавр, маошҳое, ки муҳоҷирон дар Русия мегиранд, ончунон беқурб шуд, ки сафар ба муҳоҷирати кориро дар марҳалаи кунунӣ тақрибан бефоида мегардонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button