ВидеоИқтисодКоррупсия

ФАРМОНИ №362: ТО СОЛИ 2023 ҲАМА НАМУДИ ТАФТИШИ СОҲИБКОРОН БАС КАРДА ШАВАД!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 март бо имзои фармони №362 фармон дод, ки “ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда шавад”.   Ӯ аз ҳукумат хост, то дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ гардонад.

Хадамоти  матбуоти президент дар як шарҳи вижа гуфт,  фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи то соли 2023 таҳти мораторий қарор додани тамомши намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ  “бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо ба тасвиб расидааст”.

Гуфта мешавад, ки бар асоси фармони мазкур қонуни  вижае таҳти унвони «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда мешавад, ки он муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншударо танзим мекунад. Ҳамчунин қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.

Аз натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мониторинги татбиқи қонунгузории мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида, аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур менамояд.

Прокуратураи генералӣ назорати риоя ва иҷрои қонуни мазкурро амалӣ менамояд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама
намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ гардонад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 марти соли 2022
№362

Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”

16.03.2022 18:45, шаҳри Душанбе

16 марти соли 2022 бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расида, дар асоси он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда мешавад.

Мувофиқи фармони мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда мешавад, ки он муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншударо танзим мекунад. Ҳамчунин қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.

Аз натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мониторинги татбиқи қонунгузории мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида, аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур менамояд.

Прокуратураи генералӣ назорати риоя ва иҷрои қонуни мазкурро амалӣ менамояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button