ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ФАВРӢ! ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН: ЯК МАРЗБОНИ ТОҶИК КУШТА, ДУИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДААНД

Рӯзи 10 март дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон боз тирпарронӣ рӯй дода, дар натиҷаи он як марзбони тоҷик кушта ва ду марзбони дигар захмӣ шудаанд, – хабар дод дар Телеграм-каналаш хабаргузории «Азия Плюс».

Як сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар шарҳи ин ҳодиса ба “Азия Плюс” гуфт: Марзбонҳои Қирғизистон дар мавзеи Ваҳдати ҷамоати Чоркӯҳ ба ҳудуди Тоҷикистон гузашта, аз марзбонҳои тоҷик талаб карданд, ки инҷоро тарк кунанд. Байни онҳо таниши лафзӣ ба амал омад ва марзбонҳои қирғиз аввалин шуда, тир кушоданд ва марзбонҳои тоҷик ҷавоб доданж. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик ба ҳалокат расида, ду нафар ҷароҳат бардоштанд. Чанд деҳқони тоҷик ҳам маҷруҳ шуданд”.

Хабари ҳалокати як марзбон ва захмӣ шудани сокинонро ба “Азия Плюс” дар бемористони марказии шаҳри Исфара низ тасдиқ кардаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистонро ҳанӯз тирпарронии ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро шарҳ надодаанд, вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ҳодиса тақрибан соати 10:50 дар як мавзеи аломатгузориношудаи марз, ки ҷониби Қирғизистонро онро Тескей меномад, рӯй додааст. Бино ба фарзияи ҷониби Қирғизистон, ҳайъати марзбонҳои тоҷик масири маъмулии худро иваз карда, дар як хатти нави ҳимояти марз баромадаанд ва аз марзбонҳои қирғиз талаб кардаанд, ки ин мавзеъро тарк кунанд. Марзбонҳои қирғиз мегӯянд, мавзеи Тексей аломатгузорӣ нашудааст, вале аз сӯи сокинони Қирғизистон истифода мешуд.

Бино ба фарзияи марзбонҳои қирғиз, дар пайи талаби хуруҷи марзбонҳои қирғиз, ба кумаки марзбонҳои тоҷик нирӯҳои иловагӣ омадаанд ва “марзбонҳои тоҷик бо истифода аз бартарии худ аз нигоҳи шумора кӯшиш карданд, ки ба хатти нави марз бароянд. Вале марзбонҳои қирғиз ба ҳарбиёни Тоҷикистон имкони амалӣ сохтани ин қасдашонро надоданд. Дар натиҷа тирпарронӣ сар шуда, ягон 10 дақиқа давом карж. Аз ҷониби Қирғизистон касе захмӣ нашудааст ва осеб надидааст”.

Дар пайи ин ҳодиса воҳидҳои марзбонӣ дар вилояти Бодканд ба ҳолати омодабош оварда шуда, бино ба иттилои ҷониби Қирғизистон, соати 11:45  музокироти намояндагони ниҳодҳои марзбонии ду кишвар шурӯъ шудааст. Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Дар поёни моҳи январи соли 2022 дар як муноқишаи дигари мусаллаҳона дар марзи Исфара бо Бодканд ду сокини Тоҷикистон кушта ва аз ҳарду тараф беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button