ВидеоИқтисодЧеҳраҳо

ВАЗИРИ ТЕХНОКРАТ: АЗИМ ИБРОҲИМ БА СИННИ 60 РАСИД

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, яке аз вазирони хушном ва ҳирфаии тоҷик, ё ба қавли маъруф, аз вазирони технократ рӯзи 1 март ба синни 60 расид.

Азим Иброҳим  аз ҷумлаи нахустин нафаронест, ки ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90 ному насаби худро тоҷикӣ карда буд ва ин амал чандин сол, то замоне ки соли 2007 худи президент Эмомалӣ Раҳмонов насабашро тоҷикӣ накард, ба рушди карераи Азим Иброҳим халалҳои ҷиддӣ ҳам мерасонд.

Азим Иброҳим ҳамчунин падари 6 фарзанд аст ва аз ин нигоҳ низ яке аз вазирони аз ҳама серфарзанд дониста мешавад. Ӯ ҳамин тавр, аз он ангуштшумор вазирони тоҷик аст, ки маълумоти олиро дар хориҷ аз Тоҷикистон ва он ҳам ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ  гирифтааст.

Азим Иброҳим 1 марти соли 1962 дар ноҳияи Москваи вилояти Кӯлоб (ҳоло ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон) ба дунё омада, соли 1984 Донишгоҳи давлатии техникии Тошкентро бо дипломи аъло бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер хатм кардааст.

Азим Иброҳим то соли 1992 дар Донишкадаи политехникии Тошканд кор карда, баъди бозгашташ ба Тоҷикистон ду сол дар Донишгоҳи технологӣ дарс дода, то ба мақоми декан расид. Азим Иброҳим сиас дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла муовини аввали раиси кумитаи сангу фулузоти гаронбаҳо ва муовини вазири саноати Тоҷикистон кор карда, солҳои 2004-2005 раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аз соли 2005 то соли 2013 сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон буд. Азим Иброҳим солҳои 2013-2020 муовини сарвазири Тоҷикистон буд ва 31 августи соли 2020 дар пайи қасди худкушии вазири вақти нақлиёт Худоёр Худоёрзода ба ҷои ӯ вазири нақлиёти Тоҷикистон таъйин шуд.

Азим Иброҳим бо ордени «Шараф» дараҷаи II ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», сарфароз гардидааст. Азим Иброҳим номзади илмҳои техникӣ мебошад ва ба фарқ аз бархе мансабдорони тоҷик, ки рисолаҳояшонро дигарон навиштаанд, Азим Иброҳим солҳои зиёде фаъолияти илмӣ кардааст ва рисолаашро худаш навиштаву худаш мустақилона, ҳанӯз то расидан ба мансабҳои баланд, ҳимоят кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button