ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ҶАНГ ДАР УКРАИНА: РӮЗИ ШАШУМ. ПОЁНИ ИН РӮЗҲОИ СИЁҲ НОНАМОЁН АСТ…

ДИҚҚАТ! Тавассути манобеи дигар санҷидани дурустии маълумоти мақомоти ҳарбии Русияву Украина дар бораи талафот  ва пешравиҳояшон дар майдони ҷанг имкон надорад.

Бино ба хабарҳои расида, маркази шаҳри Харков, дуюмин шаҳри бузурги Украина ҳадафи тирборон қарор гирифтааст.

– Шаҳрдори Херсон гуфт, ин шаҳр пурра аз 4 тараф аз сӯи нирӯҳои Русия ба муҳосира гирифта шудааст, вале ҳанӯз ба муқовимат идома медиҳад.

– ФИФА ва УЕФА тимҳои Русияро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карданд.

– Уфти рубли русӣ ҳамчунон идома дорад: Нимаи аввали рӯзи 1 март қурби доллар то 98 рубл ва евро беш аз 113 рубл буд, қурби расмии 1000 рубл дар Тоҷикистон 112 сомонӣ муқаррар шудааст, вале ягон бонк бо ин қурб дигар рублро иваз намекунад.

– Нахустин музокироти Русияву Украина баъди оғози ҷанг рӯзи 28 феврал дар соҳили дарёи Припят 5 соат тӯл кашид ва ҳайъатҳо ба Маскаву Киев баргаштанд, вале ҳанӯз созише ба даст наомадааст.

– Вазорати мудофиаи Русия аз нобуд кардани 6 корвони мошинҳои зиреҳпӯши артиши Украина хабар дод. Ситоди кулли артиши Украина гуфт, талафоти ҷонии нирӯҳои Русия ба 5710 нафар расидааст.

Игор Конашенков, намояндаи расмии вазорати мудофиаи Русия шоми 28 феврал, зимни натиҷагирӣ ах 5 рӯзи аввали оғози “амалиёти махсуси ҳарбӣ” дар Украина хабар дод, ки рӯзи 28 феврал нирӯҳои Русия 6 корвони мошинҳои зиреҳпӯши Украинаро нобуд кардаанд. Бино ба иттилои ӯ, дар умум 311 тонку мошинҳои дигари зиреҳпӯш, 42 чархболу ҳавопаймо, 147 тӯпхона, 263 мошини ҳарбӣ, 51 шабакаи реактивии оташандоз нобуд карда шуда, рӯзи 28 феврал боз 110 сарбози украинӣ ба нирӯҳои Русия таслим шудаанд.

Конашенков гуфт, нирӯҳои ЛНР дар самти деҳаи Кременное  3 км пеш рафта, нирӯҳои ДНР 16 км пеш рафтаанд ва деҳаи Заможноеро тасарруф кардаанд.

 Конашенков гуфт, аз оғози амалиёт 1145 иншооти ҳарбии Украина, аз ҷумла 31 бунгоҳи фармондеҳӣ ва алоқа, 81 шабакаи мушакии С-300, «Бук М-1» ва «Оса», ҳамчунин 75 истгоҳи  радиолокатсионӣ ҳадафи ҳамлаи нирӯҳои Русия қарор гирифтаанд.

Вазорати мудофиаи Русия дар бораи талафоти ҷонии нирӯҳояш маълумоте намедиҳад, вале рӯзи 1 март роҳбарони вилоятҳои Уляновску Аштархон ва роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар Украина кушта шудани сарбозону афсарон аз ин минтақаҳоро тасдиқ карданд.

Ситоди кулли артиши Украина субҳи 1 март хабар дод, ки аз 24 феврал то соати шаши субҳи 1 март талафоти ҷонии нирӯҳои Русия 5710 нафарро ташкил дод. Ситоди кулл нагуфт, ки ин шумор кушта шудаанд ё ҷамъи куштаҳову захмиҳост. Ситоди кулли артиши Украина гуфт, 200 тан аз нирӯҳои Русия асир афтодаанд.

Ҷониби Украина ҳамчунин аз нобуд ва корношоям кардани 29 ҳавопаймову 29 чархболи Русия, 198 тонк, 846 мошини зиреҳпӯш, 77 тӯпхона, 7 шабакаи зиддиҳавоӣ, 24 шабакаи реактивии оташандоз, 60 систернаи сӯзишворӣ, 3 ҳавопаймои бесарнишин, 2 қаиқ (катер) ва 305 мошини нирӯҳои Русия хабар медиҳад.

 “Ин маълумот дақиқтар карда мешавад. Ҳисобу китоби талафот ба далели шиддати амалити ҷангӣ мушкил аст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии ситоди кулли артиши Украина.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button