ВидеоҲодиса

ФИФА ВА УЕФА РУСИЯРО АЗ ҲАҚҚИ ИШТИРОК ДАР БОЗИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАҲРУМ КАРДАНД

Федератсияҳои футболи ҷаҳон ва Аврупо (ФИФА ва УЕФА) тасмим гирифтанд, ки тимҳои миллии Русия ва бошгоҳҳои ин кишварро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кунанд. Тмими миллии Русия ба ин тартиб, аз имкони идомаи мубориза барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки имсол дар Қатар доир мешавад, маҳрум гардид ва  дар Лигаи миллатҳо низ иштирок намекунад.  “Спартак” (Маскав), танҳо бошгоҳи Русия, ки мебоист дар даври 1/8 финали Лигаи Аврупо бо “бошгоҳи олмонии “Лейпсиг” бозӣ мекард, низ аз ин мусобиқа хориҷ карда шуд.

Дар изҳороти муштараки ФИФА ва УЕФА чунин гуфта мешавад: “Имрӯз қарори муштарак бароварда шуд, ки ҳамаи дастаҳои Русия, чӣ дастаҳои мидллӣ ва чӣ бошгоҳҳо, аз иштирок дар мусобиқаҳое, ки таҳти парчами ФИФА ва УЕФА доир мешаванд, хориҷ карда шаванд. Ҷаҳони футбол бо онҳое, ки дар Украина осеб диданд, ҳамдил буда, дар муқобили ин бадбахтии саросарӣ аз як гиребон сар баровардааст. Мо умедворем, ки вазъ дар Украина дар зудтарин муддат ба таври қобили мулоҳиза беҳтар мешавад ва футбол дубора метавонад меҳвари ваҳдат ва сулҳи байни мардум шавад”.

Аз изҳорот бармеояд, ки қарори аз мусобиқаҳои футбол берун кардани Русия бемуҳлат аст ва то замони тағйири вазъи Украина ба қувваи худ боқӣ хоҳад монд.

Чунин таҷриба дар футболи ҷаҳонӣ пеш ҳам буд. Аз ҷумла соли 1992 тими он вақтҳо хеле қавии Югославия ба далели ҷанги шаҳрвандие, ки дар он кишвар сар зад, аз роҳхат ба марҳалаи ниҳоии чемпионати Аврупо маҳрум карда шуд ва ба ҷои он, тими Дания ба чемпионат рафт ва унвони қаҳрамониро ба даст овард. Бисёрии мухлисон то ҳол бар ин боваранд, ки агар Югославия ба чемпионат мерафт, он сол чемпиони Аврупо ҳамин даста мешуд.

УЕФА ҳамчунин қарордоди спонсориашро бо ширкати русии “Газпром” бекор кардааст.

Тими занонаи футболи Русия низ аз ҳаққи мубориза барои роҳхат ба чемпионати ҷаҳон, ки бозии навбатиаш бояд 7 апрел доир мешуд, маҳрум шуд. Бошгоҳҳои Русия низ то беҳтар шудани вазъи Украина наметавонанд дар мусобиқаҳои аврупоӣ иштирок кунанд.

Рӯзи 27 феврал  ФИФА ба тими миллии Русия имкони иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро боқӣ гузошта буд, вале онҳо бояд ҳамчун “тими яккачини РФС (Иттиҳодияи футболи Русия” ва бидуни парчаму гимн ба майдон мебаромаданд. Вале федератсияҳои футболи Полша, Чехия, Шветсия, Албания, Англия, Швейтсария ва Ирландия гуфтанд, ки бо тими Русия бозӣ нахоҳанд кард. Аз ин шумор Албания бо тими Русия дар Лигаи миллатҳо, ки  тобистони соли ҷорӣ доир мешавад, бояд дар як гуруҳ бозӣ мекард. Полша 24 март бояд дар варзишгоҳи “Динамо” бо Русия барои роҳхат ба марҳалаи ниҳомии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки дар Қатар доир мешавад, вориди рақобат мешуд ва ғолиби ин бозӣ рӯзи 29 март бо ғолиби бозии байни Шветсия ва Чехия тақдири роҳхат ба Қатарро ҳал мекарданд. Вале ҳарсе дастае, ки Русия метавонист бо онҳо рӯбарӯ шавад, аз бозӣ бо Русия даст кашиданд.

РФС дар як изҳорот гуфт, бо қарори ФИФА ва УЕФА қатъиян розӣ нест: “Мо чунин меҳисобем, ки ин қарор мухолифи меъёрҳо ва асли мусобиқоти байналмилалӣ ва дар умум зидди варзиш аст. Ин қарор табиати табъизӣ дошта, бар зарари шумори зиёди варзишгарон, мураббиён, кормандони дастаҳо ва аз ҳама муҳим, ба миллионҳо мухлисони русу хориҷист. Чунин амалҳо дар саффи ҷомиаи байналмилалии варзишӣ, ки ҳамеша аз аслҳои баробарӣ, ҳусни эҳтиром ва мустақилият аз сиёсат ҳимоят мекард, ҷудоӣ ба вуҷуд меорад”. РФС гуфт, аз ин қарор шикоят хоҳад буд, вале зоҳиран кор тамом шудааст.

“Спартак” (Маскав), танҳо бошгоҳи русие, ки дар ин мусобиқаҳо боқӣ монда буд ва дар 1/8 финали Лигаи Аврупо бояд бо “РБ Лейпсиг” бозӣ мекард, дар изҳороташ  гуфт, аз тасмими ФИФА ва УЕФА, албатта маъюс шудаанд, вале ин як қарори мунтазира буд.

 “Мутаассифона, ҳама талошҳои мо дар Лигаи Аврупо ба далелҳои хеле дур аз варзиш барбод рафт. “Спартак” нафақат дар Русия, балки дар саросари дунё миллионҳо мухлис дорад. Варзиш ҳатто дар давраҳои аз ҳама мураккаб бояд барои иттиҳоди мардум хидмат кунад, на барои ҷудоӣ. Вале қарори дигар қабул карда шуд ва мо маҷбурем ба он итоат кунем. “Спартак” акнун ба чемпионат ва Ҷоми Русия тамаркуз мекунад. Умедвори ҳарчӣ зудтар расидан ба сулҳе ҳастем, ки ҳамаи мо ба он ниёз дорем” – гуфта мешавад дар изҳороти “Спартак”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button