ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ТАЛАБИ 15 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ЯК ЗАН БО ТАҲДИДИ ИФШОИ МАЪЛУМОТИ БАДНОМКУНАНДА

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза зани 47-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки Марди 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ба он муттаҳам мешавад, ки бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда аз зани 47-солаи сокини ин ноҳия 15 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Шантажистро ҳангоми аз ҷабрдида гирифтани 1500 сомонӣ дастгир кардаанд.

ххххххххххх

Як навраси 15-сола ба он гумонбар мешавад, ки шаби 20 феврал ҳамроҳи Идрис ном шарикаш пинҳонӣ ба хонаи зани 58-солаи сокини пойтахт даромада, аз дохили ҷевонаш ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро  ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба даст овардани маблағ бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда

v9BCfbaNQ-rrIS fJY0UTxAQndvSD0GrdHt53z6eJZ-0nNuAOOfLx-2yu49Sn8JXv9fjPF285B5cnqLtop-vO78UlriCmAeq72WYypDJIL7VMFirs8vE2zUajPo_z-FK9EpOtDnjDuJopBuvYu4wpR3mBHqqT9bZGzl2aLIa6koOlZfeVBlSKIpga59HbsD_oBDsCaIYgNvmn3m9_ejWDNUca4

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза зани 47-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда (бадномкунанда) аз ӯ маблағи 15 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Худи ҳамон рӯз, ҷабрдида ба ӯ 1 ҳазору 500 сомонӣ медиҳад ва ҳангоми гирифтани маблағи пулӣ гумонбаршуда дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Даст ба ҷинояти дуздӣ задани ноболиғи 15-сола

004

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 58-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 20-уми феврали соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудаи ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд, ки ӯ ҷинояти мазкурро бо рафиқаш Идрис ном шахс содир намудааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button