ВидеоИқтисодКоррупсия

ҚОСИМ РОҲБАР АЗ КУҶО 9 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ДОШТАНАШ ДАР БОНКИ ШВЕЙТСАРИЯРО ШАРҲ ДОД (ВИДЕО)

OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, як созмони таҳқиқотие, ки масоили фасод дар зинаҳои болои давлатӣ дар кишварҳои дунёро таҳқиқ мекунад, дар гузориши наваш бо номи Suisse-secrets (Асрори Credit Suisse)  хабар дод, ки Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов), раиси собиқи вилояти Суғд ва раиси кунунии шаҳри Ҳисор аз соли 2004 то 2011 дар ҳисоби бонкиаш дар  бонки Credit Suisse  дар Швейтсария 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки Швейтсария дошт. Ин маблағ бо қурби имрӯза ҳудудан 9 миллиону 650 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин маълумот ҳамагӣ чанд рӯз баъди раиси шаҳри Ҳисор таъйин шудани Қосим Раҳбар расонаӣ шуд. Қосим Роҳбар, ки то кунун аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекард, рӯзи 24 феврал дар мусоҳиба бо хабарнигори нашрияи “СССР” Ҷамила Ҳусейнова (ДАР АКС) бори аввал назараш дар ин мавриди ин моҷароро баён дошт.

Қосим Роҳбар гуфт, ҳанӯз як ҳафта пеш аз нашри ин гузориш “аз рақамҳои ношинос ба воситаи шабакаи Телеграмм ба аҳли хонавода, ба бародаронам дар Тоҷикистон, ҷияну бародарзодаам, ки дар Россия таҳсилу зиндагӣ мекунад, паёмҳои гуногун расида, тарафи номаълум пешниҳод медоданд, ки барои пешгирӣ аз нашри хабар ман ин қазияро ё шарҳ диҳам ё пешгирӣ намоям, вале ман ба ҳамаи ин аҳамият надодам, зеро чизе барои пинҳон кардан надораму аз касе ҳам наметарсам ва дар Швейтсария ҳам боре набудам.”

Қосим Роҳбар дар Аврупо ба номаш кушодани ҳисоби бонкиро рад накард, вале гуфт, ӯ дар ин масъала худ қурбони як тоҷири қалбдаст аз Австрия шудааст.

Мехоҳам 1 фактеро ба шумо нақл кунам, ки дар борааш бори нахуст мегӯям. Дар теракти моҳи апрели соли 1997, дар баробари Ҷаноби Олӣ,  дар шаҳри Хуҷанд ман ҳам осеб дида, ҳам дастам захмӣ шуд ва ҳам ба танам тиккапораи маводи тарканда – граната расид. Пас аз ҷарроҳии якум як  соли дигар дастам кор накарду тиккапораи дар тан монда ҳам хунамро сироят намуда, ҳам ба фаъолияти ҷигар зарар расонид. Тиккапораро нагирифтанд, гуфтанд, ба функсияҳои организм халал намерасонад, вале абадӣ мемонад. Вазири вақти тандурустии кишвар Аламхон Аҳмадов ва духтури шинохтаи Суғд Рабиҷонов, ки маро дар ин муддат табобат мекард, тавсия доданд, ки ба Маскав рафта, аз муоинаи профессор, генерал-майори хизмати тиббӣ, Юлий Шапошников гузарам. Юлий Шапошников шавҳари зан-кайҳонаварди машҳур Валентина Терешкова буда, дар Маркази миллии тадқиқотии травмотологӣ ва ортопедии ба номи Н.Приорови шаҳри Маскав кор мекард. Ман тӯли 3 сол-ҳар 6 моҳ 1 бор ба Маскав рафта омада, табобат гирифтам, вале на даст хуб шуду на ҷигар ва на хун тоза”, – нақл кардааст Қосим Раҳбар ба Ҷамила Ҳусейнова.

 Профессор Юлий Шапошников тавсия додааст, ки ба ягон клиникаи муосири аврупоӣ равад. Қосим Роҳбар аз байни 3 кишвари пешниҳодшуда 1 клиникаи муосирро дар шаҳри Вена интихоб кардааст, вале он вақт (соли 2001) на Аврупоро дида буду на корти бонкӣ дошт ва на суратҳисоб барои кафолат ва табобат дар Аврупо. Клиникаи аврупоӣ бошад бидуни ҳисоби бонкӣ беморро қабул намекардаанд.

Қосим Роҳбар мегӯяд, худаш чунин имконот надошт, вале як соҳибкор аз Австрия, ки дар вилояти Суғд сармоягузорӣ мекард, ба кумакаш расида, кафили ӯ шуд.

“Рафтем ба Вена, ташхиси пурраро гузашта ба Тоҷикистон баргаштем. Он замон ман дар вазифаи раиси вилояти Суғд кор мекардам ва наметавонистам корро як сӯ гузорам. Аммо дасту ҷигар ҳамоно маро азият дода, хуни сироятёфта ҳеҷ тоза намешуд. Маҷбур шудам соли 2003 бо як табиби дигар боз ба Вена сафар карда, ин маротиба муолиҷаро низ то ба охир бигирам. Соҳибкор дубора ба кумакам омада, боз кафили ман шуд. Дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштам, ки ӯ чанд ҳуҷҷатро барои имзо овард. Ҳуҷҷатҳо бо забони англисиву немисӣ буданду ман ба онҳо дуруст аҳамият надода, имзо гузоштам ва нусхаи шиносномаамро ҳам додам. То ҷойе огаҳ дорам ба номам дар ин клиника суратҳисоби бонкӣ кушода, харҷи табобатамро аз пули худам пардохт карда буд. Ман 1 сол рафтаву омада дар Вена табобат гирифтам ва танҳо дар соли 2007 фаҳмидам, ки ин соҳибкор ба ман хизмати хирсона кардааст. Ошноӣ ва тамоми алоқаҳоро бо эшон қатъ кардам. Мавсуф, ки қаблан барои қаллобияш зери назорат будааст, тавассути суратҳисоби ба номи ман кушода пулҳои худро гузаронида, тиҷораташро дар Тоҷикистон давом дода, боз чанд нафари дигарро ҳам фиреб додаст. Чун пулашро гирифта наметавонад, ҳар гуна хабар паҳн мекунад. Ман боре тавассути ин суратҳисоб доду гирифти бонкӣ накардаам, на пул ворид кардаам ва на гирифтаву ба ҷойе гузаронидаам ва муайян кардани ин хеле осон аст. Ҳоло ин соҳибкор дар ҷӯстуҷуи байналмилалӣ қарор дорад. Ягона хатои ман дар он буд, ки ман ҳамсафар ва кафили хатокор интихоб кардам!”,- нақл кардааст Қосим Раҳбар.

Ӯ афзуд, ки баъдан зери назорати мутахассис-духтури варзида ва забондони тоҷик аз соли 2007 то 2017 дар Олмон муолиҷа гирифта, сирояти хун ва ҷигараш пурра шифо ёфт.

“Тамоми мадраки муолиҷа ва табобат дар бойгонии беморхонаи ҳукуматии кишвар маҳфуз аст. Вале дасти осебдида то ба имрӯз пурра сиҳат нашуда, тиккапораи граната ҳанӯз ҳам дар тан ҳаст.  Ман сарбози ин Ватану Миллату Давлат ҳастам ва лозим бошад барои ҳифзи марзу буми Ватан ҷонамро ҳам нисор мекунам. Дар кадом вазифае, ки кор кардам, содиқ будаму содиқона меҳнат кардам, агар кори баде мекардам, маро ҳеҷ гоҳ ба вазифаҳои баланд намегузоштанд. Ба ин миллату давлат хиёнат накардаам ва нахоҳам кард!” – таъкид кардааст Қосим Роҳбар.

Қосим Роҳбар 3 октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи Роҳбар Қосимов, як мансабдори баландпояи он даврон, ки соли 1974 дар синни 44 дар як меҳмонхонаи Кӯлоб худкушӣ кард, ба дунё омадаааст. Қосим Роҳбар соли 1986 факултаи агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст.

Қосим Роҳбар соли 1994, вақте ки ҳамагӣ 30 сол дошт, раиси ноҳияи Хуҷанд (ҳоло: Бобоҷон Ғафуров) ва соли 1996, дар синни ҳамагӣ 32, раиси вилояти Суғд (он вақт ҳанӯз вилояти Ленинобод) таъйин шуд ва то соли 2006 дар мақоми раҳбари вилояти аз лиҳози саноатӣ пешрафтатарини Тоҷикистон кор кард. Баъди тарки и мақом ӯ то соли 2008 роҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар вилояти Суғдро ба уҳда дошт. Қосим Роҳбар аз соли 2008 то 2015 вазири кишоварзӣ ва аз соли 2015 то 2022 раиси Кумитаи рушди маҳал, як идораи вобаста ба президенти Тоҷикистон буд. Бо фармони президент аз 27 январи соли 2022  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъйин шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button