ВидеоИқтисодКоррупсия

ДАР ҲИСОБИ ҚОСИМ РОҲБАР ДАР БОНКИ ШВЕЙТСАРИЯ БЕШ АЗ 9 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ЁФТААНД

OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, як созмони таҳқиқотие, ки ба таҳқиқи масоили фасод дар зинаҳои болои давлатӣ дар кишварҳои дунё машғул аст, дар гузориши наваш бо номи Suisse-secrets (Асрори Швейтсария)  дар бораи дар бонкҳои Швейтсария ҳисобҳои бонкӣ доштани як силсила мансабдорони баландпоя хабар дод.

Дар гузориш аз ҷумла Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов), раиси собиқи вилояти Суғд ва раиси кунунии шаҳри Ҳисор зикр шудааст. Муҳаққиқон ошкор кардаанд, ки ӯ аз соли 2004 то 2011 дар бонки Швейтсария Credit Suisse ҳисоби бонкӣ кушода буд ва дар он ҳисоб 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки Швейтсария дошт. Ин маблағ бо қурби имрӯза ҳудудан 9 миллиону 650 ҳазор доллар ё беш аз 110 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Қосим Раҳбар дар замони раиси вилояти Суғд ва вазири кишоварзии Тоҷикистон буданаш тиҷорати пахта, як маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистонро дар даст дошт ва дар мукотибаҳои сафорати Амрико, ки чанд сол пеш як қисмаш расонаӣ шуд,  ӯро ҳатто “саркардаи мафия” ҳам ном бурдаанд.

Қосим Роҳбар ба ин таҳқиқоти байналмилалӣ то ҳол посух нагуфтааст. Вале ин созмони таҳқиқотӣ қабланд чанд нафари дигар аз мансабдорони баландпоя ва афроди наздик ба доираҳои ҳокими Тоҷикистонро низ ба аз худ кардани миллионҳо доллар пулҳои давлат айбдор карда буд.

Қосим Роҳбар 3 октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи Роҳбар Қосимов, як мансабдори баландпояи он даврон, ки соли 1974 дар синни 44 дар як меҳмонхонаи Кӯлоб худкушӣ кард, ба дунё омадаааст. Қосим Роҳбар соли 1986 факултаи агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст.

Қосим Роҳбар соли 1994, вақте ки ҳамагӣ 30 сол дошт, раиси ноҳияи Хуҷанд (ҳоло: Бобоҷон Ғафуров) ва соли 1996, дар синни ҳамагӣ 32, раиси вилояти Суғд (он вақт ҳанӯз вилояти Ленинобод) таъйин шуд ва то соли 2006 дар мақоми раҳбари вилояти аз лиҳози саноатӣ пешрафтатарини Тоҷикистон кор кард. Баъди тарки и мақом ӯ то соли 2008 роҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар вилояти Суғдро ба уҳда дошт. Қосим Роҳбар аз соли 2008 то 2015 вазири кишоварзӣ ва аз соли 2015 то 2022 раиси Кумитаи рушди маҳал, як идораи вобаста ба президенти Тоҷикистон буд. Бо фармони президент аз 27 январи соли 2022  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъйин шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button