ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

ҲАБСИ СОҲИБКОРЕ, КИ РОҲБАРОНИ АНДОЗИ ИСТАРАВШАНРО БА КОРРУПСИЯ АЙБДОР МЕКУНАД (ВИДЕО)

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Истаравшан хабар доданд, ки Алишер Султонов, соҳибкори маъруф аз Истаравшан ва молики осоишгоҳи “Авис Сити” рӯзи 23 феврал дастгир гардида, рӯзи 24 феврал додгоҳ барои ҳабси пешакии вай иҷозат (санксия) додааст. Боздошти Алишер Султонов чанд рӯз баъди дар саҳифаи “Авис Сити” дар Фейсбук нашр шудани акси мошини гаронбаҳои сардори нозироти андози Истаравшан ва ба коррупсия ва пулситонӣ аз соҳибкорон айбдор кардани муовини ӯ Азиз Аҳмадзода сурат гирифт.

Ба зидди соҳибкор бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: қисми якуми моддаи 330 (таҳқири намояндаи давлат) ва қисми дуюми моддаи 346 (дидаю дониста расонидани ахбори бардурӯғ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба Алишер Султонов акнун барои фошкориҳояш то 2 сол корҳои ислоҳӣ ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Аммо як манбаи огоҳ аз ҷараёни ин қазия гуфт, Алишер Султонов ин иттиҳомоти ба зидди ӯ эълоншударо қабул надорад ва гуфтааст, ки дар додгоҳ бо санаду далел дар коррупсия ва порахӯрӣ даст доштани роҳбарони нозироти андози Истаравшанро исбот хоҳад кард.

Яке аз дӯстони Алишер Султонов ӯро аз ангуштшумор соҳибкорони Истаравшан (собиқ Ӯротеппа) номид, ки ба гуфтаи ӯ, “ба ягон мақомот сар хам намекунад, хушомад намезанад ва пора, яъне “доля” ҳам намедиҳад. Ба ҳамин далел, дар 5 соли охир инак бори чорум аст, ки ӯро ҳабс мекунанд. Ин 4 парванда ҳамаашро сохтаву фармоишӣ буд ва танҳо бо як мақсад: рӯҳ ва ғурури Султоновро шикастан, вале натавонистанд. Ӯ сар хам накард. Ҳатто вақти ба ҳабс гирифтанаш ҳам бори дигар ба тарафи корманди андоз хитоб кард, ки ӯ порахӯр аст”.

Моҷарои ахир байни соҳибмулкони осоишгоҳи “Авис Сити” ва роҳбарони нозироти андози шаҳри Истаравшан рӯзи 18 феврал бо он оғоз ёфт, ки дар саҳифаи “Авис Сити” дар шабакаи Фейсбук акси  як мошини ҷипи тамғаи “Тойота Прадо”-и рангаш сафед ва рақами давлатиаш 3322МК01-ро  нашр карда, навиштанд: “Ин мошини раиси налоги шаҳри Истаравшан 50 000 доллар меистад. Бо ҳамин мошин ҳар рӯз Хуҷанд рафта мебиёяд. Бо кадом маблағ? (маошаш 1000 сомонӣ)”.

Рӯзи 20 феврал ҳамин саҳифаи  “Авис Сити” ва боз ҳам дар Фейсбук акси як мошини тамғаи “БМВ”, рангаш сабзи баланд ва акси Азиз Аҳмадзода, муовини сардори нозироти андози шаҳри Истаравшанро нашр кард ва навишт: “Зам.нач. налоги Истаравшан бо номи Азиз аз соҳибкор 40.000 с. маблағ ситондос…”

Азиз Аҳмадзодаро, ки тоза моҳи майи соли 2021 аз мақоми сардори нозироти андози ноҳияи бузургтарини ҷумҳурӣ  – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – барканор гардида, муовини сардори нозироти андози Истаравшан таъйин шуда буд, ҳамчунин ба он айбдор карданд, ки  шаҳрвандии Русия дорад. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, дар мақомоти давлатӣ ва гузашта аз он, дар вазифаҳои масъул кордани онҳое, ки шаҳрвандии кишвари дигарро доранд, манъ карда шудааст ва ду сол пеш додситони онвақтаи Истаравшанро ба ҳамин далели шаҳрвандии Русия доштанаш аз мақом барканор карда буданд.

Рӯзи 21 феврал нозироти андози шаҳри Истаравшан дар як посухи муфассал, ки дар саҳифаи шаҳрдории Истаравшан дар Фейсбук нашр шуд, маълумотҳои нашршуда дар бораи роҳбаронашро “бардурӯғу буҳтономез” номид ва гуфт, асли масъала ба наздики 400 ҳазор сомонӣ қарзи соҳибмулкони “Авис Сити” аз андоз ва ба ин далел ба ҳабс гирифтани ду бинои панҷқабатаи он рабт дорад. Нозироти андоз таъкид кардааст, ки “туҳмат боиси напардохтани андоз набуда, пардохти андоз тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳатмист”.

Нозироти андоз  маълумот дар бораи мошини ҷипи гаронбаҳо  харидани раисашро шарҳ надодааст, вале дар масъалаи шаҳрвандии Азиз Аҳмадзода навиштааст, ки “соли 2017 бо хоҳиши шахсӣ шаҳрвандии Аҳмадзода А. дар Федератсияи Россия қатъ карда шудааст”.

Бино ба иттилои Нозироти андози Истаравшан,  соҳибмулки ҶДММ «Авис Ситӣ» (РМА 620010090) Каримова Машҳура Муқумовна, ки ҳамсари Султонов Алишер мебошад, бо қарори Раёсати андози вилояти Суғд таҳти М9261/300-10 аз 09.07.2021 ба маблағи 396 ҳазору 536 сомонӣ аз андозҳо қарздор  буда, нисбат ба ӯ тибқи моддаи 259, қисми 1 банди (6) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соҳибкории ғайриқонунӣ) парвандаи ҷиноятӣ таҳти #922786 аз 10.09.2021 оғоз карда шуда, баъдан бар асоси қонуни афв бо қарори додситонии Истаравшан таҳти #М21803 ин парвандаи ҷиноятӣ аз 18.11.2021 қатъ карда шуд.

Аммо, мегӯянд мақомоти андоз, ҷавобгар андозҳои муқарраргардидаро пардохт накард ва бо вуҷуди ирсоли чанд огоҳинома  Машҳура Каримова боз ҳам аз аз пардохти андозҳо “беасос саркашӣ намуд.” Ба ин далел бо қарори додгоҳи  Истаравшан аз 24 декабри соли 2021  барои таъмини даъво молу мулки ҷавобгар Каримова М.М. иборат аз ду бинои 5-ошёна, воқеъ дар шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Сабристон, деҳаи Яккатол, М98  ба ҳабс гирифта шуд. Нозироти андоз гуфт, танҳо “пас аз ба имзо расидани ҳалномаи суди шаҳри Истаравшан аз 16.02.2022 таҳти #М93-145/20 оиди руёнидани маблағи андозҳои напардохта аз ҷониби ҷавобгар Каримова М.М. ба андозаи 396536,5 сомонӣ ба манфиати давлат бароварда шуд”.

Нозироти андоз гуфт, Машҳура Каримова ва шавҳараш Алишер Султонов биноҳои ҶДММ «Авис Ситӣ»-ро ба иҷора дода, дар маҷмӯъ аз ҳисоби иҷораи амвол ба маблағи 29 ҳазору 694 сомонӣ ва аз андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ба маблағи 17 ҳазору 772 сомонӣ бақияи қарзи андоз дошта, то ҳол пардохт накардаанд.

Дар масъалаи аз соҳибкор ситондани 40 ҳазор сомонӣ, нозироти андози Истаравшан гуфт, ҳангоми ташрифи гуруҳи корӣ  ба ҶДММ «Авис Ситӣ» барои баррасии ин масъала Султонов Алишер дар ҳузури намояндагони мақомотҳои дахлдор, аз он ҷумла ШВКД, Нозироти андоз, ҳуқуқшинос, корманди Бақайдгирии молу мулк ва идораи “Суғднархгузорӣ”, “дашномҳои қабеҳ дода, аз ҷониби мавсуф таҳдид гардид, ки дар шабакаҳои интернет дар бораи муовини роҳбари Нозироти андоз дар шаҳр маълумот паҳн мекунад, то ки шаъну шарафашро паст зада, бо ин роҳ барои аз кор озод кардан сабаб гардад ва аз ин лиҳоз дар ҳузури гурӯҳи корӣ аксбардорӣ намуд, аз ҷумла нақлиёти шахсиро.”

Нозироти андози Истаравшан афзуд, ки Алишер Султонов “вобаста ба шахсият ва оилаи Аҳмадзода А. маълумотҳои бардурӯғу буҳтономезро нашр намуда истодааст, ки тибқи қонунгузорӣ барои ин кирдор ҷавобгарӣ муқаррар гардидааст.”

Аммо дар ҷавобияи Нозироти андози Истаравшан дар бораи мошини ҷипи сардори ин идора ва инки як корманди давлатӣ аз куҷо барои харидани чунин мошини гаронбаҳо пул ёфтааст?, шарҳе дода нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button