ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТИИ ТРАКТОР АЗ ХОҶАГИИ “ҲУСЕЙНБОЙ”

Аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров нисбати марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз карда шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда, аз 11-уми феврали соли 2022 то 14-уми феврали соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Ҳусейнбой», ки ба марди 58-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ доштааст, қисмҳои эҳтиётии трактори тамғаи «ЮМЗ»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button