ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХАТАРИ ТАРМАЮ САНГРЕЗӢ ДАР РОҲҲОИ КӮҲИСТОН ТО ПОЁНИ ФЕВРАЛ БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 22 феврал хабар дод, ки бино ба маълумоти обуҳавошиносон, то охири моҳи феврали соли 2022 дар навоҳии кӯҳистонии кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ эҳтимоли лағзиши тарма ва сангрезӣ вуҷуд дорад.  Ба  ин далел, гуфта мешавад дар иттилоия, наҷотдиҳандагони ин кумита навбатдории шабонарӯзиро дар роҳҳои асосии кӯҳии кишвар – Душанбе – Варзоб – Айнӣ ва Душанбе – Ванҷ идома медиҳанд

Дар робита ба хатари тармаю сангрезиҳои нав, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ даъват кард, то ҳаддалимкон аз сафар ба минтақаҳои тармарез, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва шикор дар кӯҳсор худдорӣ намоянд.

Ронандагон ҳангоми харакат дар минтақаҳои кӯҳӣ бояд қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя кунанд, гуфта мешавад дар ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button