ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

АБДУЛЛОҶОН, КУҶОӢ? ВИДЕОИ ҶОНГУДОЗИ ПАДАРЕ, КИ ПИСАРИ РАҲГУМКАРДААШРО МЕҶӮЯД…

Дар Интернет видеои ҷонгудози як марди сокини шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд) аз ҷануби Тоҷикистон нашр шудааст, ки барои ҷустуҷӯи фарзанди раҳгумкардааш ба Русия омадааст, вале фарзандашро дар инҷо пайдо карда натавонистааст.

Ин мард, ки ба шакли хитоб ба писараш суҳбат мекунад, нақл мекунад, ки аз гум шудани писараш Абдулло Тиллоев, соли таваллудаш 1999, вақте хабар ёфт, ки болои сари хонаашонро мақомотти амниятию ҳифзи ҳуқуқи Левакант гирифтанд. Падару модари Абдулло аз мақомот фаҳмидаанд, ки писараш аз Русия ба Туркия рафтаасту бояд ягон фикрашро кунанд, ки фирефта шудаасту ба роҳи бад рафта истодааст.

Падар мегӯяд, вақте ин гапро шунид, қарорашро гум кард ва ба суроғи фарзанди раҳгумкардааш ба Русия омад, вале ӯро наёфт.

“Абдуллоҷон, куҷоӣ? Аз худат дарак бидеҳ! 5 моҳ боз ягон даракатро надорем. Ба ман сӯми ту даркор нест, худат даркорӣ, худатро эҳтиёт кун, ба ягон роҳи бад нарав!” мегӯяд ин падар бо садои ашколуд хитоб ба писараш.

Куҷо шудани Абдулло Тиллоев маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки дар солҳои охир беш аз 2 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон, бархе ҳатто хонахез, ба Ироқу Сурия рафта, ба саффи созмонҳои тундрави террористӣ, асосан ба саффи ДОИШ пайвастаанд. Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 80 фоизи ин афрод  дар замони дар муҳоҷирати корӣ дар Русия  қарор доштанашон ба доми фиреби мубаллиғони ақидаҳои ба ном “ҷиҳодӣ” афтода, фирефта шудаанд.

Ҷомиашиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шароити пур аз маҳрумият ва беҳуқуқии муҳоҷирон дар Русия ин қишрро ба як тӯъмаи осон ба мубаллиғони созмонҳои террористӣ табдил медиҳад ва онҳо ба торҳои нозуки мағзи муҳоҷирон нохун зада, онҳоро ба саффи гуруҳҳои тундрав ҷалб ва барои сафар ба нуқоти доғи ҷаҳон моил мекунанд.

@tjk240797

♬ оригинальный звук – ꧁ لا تقترب مني.꧂

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button