Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР БОХТАР РОНАНДАИ “ТАКСИ 3333” ШАБОНА ДУ МОШИНИ “ТАКСИ 1111” – РО ОТАШ ЗАДААСТ (АКС)

Шаби 5 феврал, тахминан соатҳои 02:43, дар таваққуфгоҳи ҶДММ «Сафар Ориён», машҳур бо номи «Такси 1111» дар кӯчаи Айнии ш.Бохтар ду мошинро оташ задаанд. Баъди чанде ҳангоми кӯшиши тарки ҷумҳурӣ дар гузаргоҳи Фотеҳобод дар вилояти Суғд сокини 26-солаи Бохтар,  ронандаи собиқи “Такси 333” Исроил Тешаев боздошт шуд. ВКД гуфт, Тешаев ҷинояти мазкурро аз ҳиссиёти бадбинӣ ва ғарази шахсӣ нисбати ронандагони «Такси 1111» содир намудааст.

ххххххххххххх

Шоми 7 феврал, тахминан соати 19:00, як дучархарони 26-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ дар роҳи Рӯдакӣ – Ҳисор зери чархи мошини боркаши КАМАЗ монда, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

ххххххххххххх

Сокини 23-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июни соли 2021 аз як сокини дигари Душанбе ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Оташзании воситаҳои нақлиёт дар Бохтар ошкор гардид.

88888

5 феврали соли 2022, тахминан соатҳои 02:43 дақиқа дар ҳудуди истгоҳи нақлиётии ҶДММ «Сафар Ориён», машҳур бо номи «такси 1111», воқеъ дар ш.Бохтар, кӯчаи Айнӣ, ду адад нақлиёти сабукрави мусофиркашонии тамғаи «Опел-Зефира», рақами қайди давлатиаш 17-70 MM 03 PT, ки ба шаҳрванд Абдураҳимов Акмал Эркинович, сокини ноҳияи Кӯшониён ва тамғаи «Опел- Вектра» рақами қайди давлатиаш 25-32 СЕ 03 РТ ба шаҳрванд Юсупов Умед Сайдаҳмадович, сокини ноҳияи Вахш мутааллиқ буд, аз ҷониби шахси номаълум бо мақсади несту нобуд кардани амвол оташ зада шуд.
Барои ошкор кардани ин ҷинояти вазнин гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, сафарбар карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди вилояти Суғд гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод зимни фирор намудан аз ҳудудуи ҷумҳурӣ ва пинҳон шудан аз тафтишоти пешакӣ гумонбаршуда шаҳрванд Тешаев Исроил Зоҳидҷонович, санаи таваллудаш 02.04.1997, миллаташ тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Баҳор, хонаи 223, оиладор соҳиби 3 фарзанд, пеш суд нашудааст, собиқ ронандаи ҶДММ «Сафар Ориён», машҳур ба «такси 3333» дастгир ва нисбташ бо моддаи 255 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Муайян карда шуд, ки номбурда ҷинояти мазкурро аз ҳиссиёти бадбинӣ ва ғарази шахсӣ нисбати ронандагони ҶДММ «Сафар Ориён», машҳур бо номи «такси 1111», содир намудааст.

Ҳалокати ҷавони дучархарон зимни ҳодисаи нақлиётӣ

002

7-уми феврали соли 2022, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Камаз-5511», Шарипов Маҳмадӣ Сафарович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Хонаков Аъзамҷон Машрабович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Хонаков А.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дастгир гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми қаллобӣ

037

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 24-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2021 ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button