ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

10 РӮЗ ҲАБСИ ЯК СОКИНИ ПОЙТАХТ БАРОИ МОДАРОЗОРӢ (2 АКС)

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки боз як сокини пойтахтро барои модарозорӣ ҳабс кардаанд.

“Ҳарчанд эҳтироми волидайн қарзи инсонии ҳар як нафар ба ҳисоб рафта, шарафу мақом аз хидмату дуои модар шахсро соҳибмартаба мегардонад, мутаассифона баъзе аз афроде дар ҷомеа ҳастанд, ки бо амалу рафтор ва алфози қабеҳ боиси озори волидайни худ мешаванд”, – изҳори таасссуф мекунад милитсияи Душанбе ва меафзояд, кормандони милитсия бо мақсади пешгирӣ аз ҷиноят ва нофаҳмиҳо дар оила чораҳо меандешанд ва алакай чанд фарзандро барои озору азияти волидайн ба ҷавобгарӣ кашондаанд.

“Аз ҷумла, шаҳрванд Мусофиров Парвиз Комилович, санаи таваллудаш 08.10.1971, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ, оиладор, соҳиби ду фарзанд, барои озори модар ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд. Номбурда санаи 31-уми январи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Қосимов ҳозир гашта, бо модару ҳамсари бародараш муноқиша карда, нисбати онҳо суханони қабеҳ задааст ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, дар назди атрофиён шаъну шарафи номбурдагонро паст задааст”, – омадааст дар иттилоияи милитсияи Душанбе.
Нисбат ба Мусофиров Парвиз тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.

Милитсияи Душанбе қаблан низ дар бораи ҳабси маъмурии чанд сокини пойтахт бо ҷурми озор додани модару ҳамсарҳояшон хабар дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button