ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

3 АКС: ОҒОЗИ МУЗОКИРОТИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БАЪДИ МУНОҚИШАИ ХУНИН

Рӯзи 28 январ дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон оғоз ёфт. Ин музокирот дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 27 январ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон аст, ки аз ду тараф ду кушта ва дастикам 21 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳарду нафари кушташуда сокинони мулкии Тоҷикистон мебошанд.

Дар аксҳое, ки аз ҷараёни музокирот нашр шуданд, дида мешавад, ки ҳайъати Тоҷикистонро фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонии ин кишвар генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳайъати Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев раҳбарӣ мекунанд. Дар музокирот аз ҷониби Қирғизистон ҳамчунин раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев ва аз тарафи Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Исфара Баҳовиддин Баҳодурзода низ дида мешаванд.

Гуфта мешавад, музокирот пушти дарҳои баста мегузарад, вале дар оғози гуфтугӯҳо ҳам Тошиев ва ҳам Раҳмоналӣ ба зарурати ҳалли сулҳомези муноқишаҳо таъкид кардаанд.

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 27 январ якбора бад шуд.

Тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ байни марзбонони тоҷику қирғиз муноқишаи мусаллаҳонае сар зад, ки ҳудуди 6 соат давом кард. Дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон ду нафари мулкӣ кушта ва 10 нафари дигар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 нафари мулкӣ захмӣ гардиданд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, дар муноқишаи ахир дар марзи Бодканду Исфара аз ҷониби аҳолӣ ва ҳарбиёни қирғиз касе кушта нашуда, вале 11 ҳарбии қирғиз тир хӯрдаанд.

Дар натиҷаи музокироти шаби гузашта тарафҳо дар мавриди оташбас, берун кашидани нирӯҳои иловагӣ ва кушодани роҳҳо ба тавофуқ расиданд.  Ҳарду тараф мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон муътадил буда, таҳти назорат қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button