ВарзишВидеоМуҳоҷирон

ПАҲЛАВОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ЁСИН НЕЪМАТОВ ДУЧОРИ МАРИЗИИ ҶИДДӢ ШУДААСТ

Паҳлавони ҷавони тоҷик Ёсин Неъматов, яке аз паҳлавонҳои ҷавону умедбахши тоҷик ва писари калонии Mуҳаммадрозиқи Неъматзод , бунёдгузори гуруҳи Варзиши тоҷик (Тajik sport) дар Фейсбук, чанд вақт боз  аз бемории саратони лимфаузел ранҷ мебарад. Волидон ва наздикони Ёсин чанд маротиба Ёсинҷонро муолиҷа карда, давраи кимиёдармониро низ дар Япония гузарониданд. Ҳоло бошад, дасти ёрӣ аз мову Шумо мехоҳанд.

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ташриф Халилов низ дар як навор аз мардуми дастбахайр хостааст, дасти ёрии худро барои табобати ин паҳлавонписари тоҷик дареғ надоранд.

Рақами корти Сбербанк барои интиқоли маблағи кумак:

4276 40012700 76 99 Хабирова Парвина Кодировна

Paypal: @Liveyas

Yasinjudo999@gmail.com

Ёсин Неъматов ду карат ҷоизадори Ҷоми гуштини дзюдои қитъаи Осиё байни наврасон, ғолиби ду мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ дар Юнон ва Тайланд, барандаи ду медали биринҷии мусобиқоти дзюдо байни кишварҳои арабӣ дар Маккаи Мукаррама ва ғолиби даҳҳо мусобиқа дар кишвари Иморот мебошад.

Бо онки Ёсин дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба воя расидааст, дар ҳама мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон ба майдон мебарояд.

Падари ӯ Муҳаммадрозиқи Неъматзод аз ҳомиён ва мубаллиғони варзишгарони тоҷик дониста мешавад, ки дасти кумакаш ба даҳҳо нафар ҳамватанҳои мо аз ҷумлаи варзишгарон, аҳли фарҳангу адаб ва мардуми оддӣ расидааст. Лоиқ ба ёдоварист, ки Муҳаммадрозиқи Неъматзод аввалин соҳибкори тоҷик буд, ки соли 2008 ба Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов барои ба даст овардани медалҳои Олимпиадаи Пекин мошин туҳфа карда буд.

Аз даргоҳи Илоҳӣ барои додари паҳлавони мо Ёсинҷон Неъматов шифои комил металабем ва аз ҳамаи ҳамватанони дастбахайр даъват мекунем, ки дар ин амри хайр саҳм бигиранд.

https://www.facebook.com/groups/275612519189024/permalink/4664265063657059

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button