ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТО ПОЁНИ ҲАФТА ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ БАРФУ БОРОН ХОҲАД БОРИД, ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба самъи сокинон ва меҳмонони кишвар расонд, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, то поёни ҳафтаи равон дар ҷумҳурӣ ҳаво сард шуда,  интизор меравад, дар водишо борон ва дар манотиқи кӯҳдоман ва кӯҳистони Тоҷикистон барфи шадид биборад.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, дар барзе қитъаҳои роҳҳои мошингарди “Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ”, “Душанбе – Ваҳдат – Лахш”, “Душанбе – Рашт”, “Душанбе – Сангвор”, “Душанбе – Кӯлоб”, “Шоҳин – Дарвоз”, “Ванҷ – Хоруғ”, “Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб” яхбандӣ дар назар дошта шуда, дар баъзе ҷойҳо барфтӯдаҳо ба амал хоҳад омад. Хатари зиёди фаромадани тарма ва сангрезӣ  низ боқӣ мемонад, – гуфта мешавад дар ихтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ар аз аҳолӣ хостааст, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар ба манотиқи осебпазир ва минтақаҳои хатарнок, инчунин аз  ҷамъоварии ҳезум, рафтан ба чарогоҳ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Кумита ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки дар шароити бориши барфу яхбандӣ нақлиётро бо воситаҳои барои чунин шароит зарурӣ таъмин намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ масофаи байни мошинҳо бояд қатъӣ риоя карда шаванд. Ҳангоми дар кӯчаҳо ҳаракат кардан ҳам хеле боэҳтиёт будан зарур аст, зеро ҳолати шикастани дарахтон ва кандани хатҳои баландшиддати барқ дар назар аст.

Ахиран бар асари бориши зиёд дар минтақаҳои ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин шоҳроҳҳои Хоруғ – Ишкошим, Душанбе – Варзоб – Айнӣ, Хоруғ – Мурғоб ҳолатҳои зиёди фаромадани тарма сабт шуда, чандин роҳи мошингард ба ин далел баста шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button