ВидеоТаърихТоҷикистонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ПОДПОЛКОВНИК ДОСТӢ РАҶАБОВ – МУОВИНИ ПОЛКОВНИКИ БАЛВОГАР МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ

Подполковник Достӣ Раҷабов, яке аз фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ дар водии Вахш ва муовини сардори ситоди бригадаи таъйиноти махсусе, ки дар солҳои 90 ба он полковник Маҳмуд Худойбердиев роҳбарӣ мекард, рӯзи 7 январ дар синни 68 дар манзилаш дар ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш аз олам чашм пӯшид.  Ҷанозаи Достӣ Раҷабовро ҳамон рӯз дар намози ҷумъаи масҷиди ҷамоати Киров пешнамоз карда, баъди адои намози ҷаноза ба хок супурданд.

“Намози ҷанозаи подполковник Достӣ Раҷабовро худи Махсуми Саиднуриддин, яке аз рӯҳониёни маъруфи водии Вахш, ки соли 1994 дар озмуни қориёни “Қуръон” дар Миср ҷои аввалро гирифта буд, имоматӣ кард. Ӯ дар оромгоҳи қитъаи сеюми ҷамоати Киров дар паҳлуи ҳамсангари собиқаш аз Фронти халқӣ Маҳмад Қудратов, ки ҳама ӯро бо номи Маҳмади Хирс мешинохт, ба хок супурда шуд”, – хабар дод ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” яке аз наздикони марҳум.

Ба гуфтаи ӯ, подполковник Раҷабов солҳои зиёде аз бемории диабети қанд ранҷ мекашид ва ҳатто як қисми пояшро ба ин иллат бурида буданд.  “Бо ин вуҷуд, ба беморӣ гардан намедод ва чандон парҳез ҳам намекард,” – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Подполковник Достӣ Раҷабов соли 1997 ба ошӯби мусаллаҳонаи фармондеҳаш Маҳмуд Худойбердиев ба зидди ҳукумат напайваст. Баъди шикасти он ошӯб Худойбердиев бо боқимондаи тарафдоронаш ба Ӯзбекистон фирор кард ва инак 25 сол боз дар ҳоли фирор ба сар мебарад.

Подполковник Раҷабовро баъди он  ҳаводис, бо вуҷуди ба ошӯб ҳамроҳ нашуданаш, хеле кашокаш карданд ва танҳо бо мусоидати вазири вақти мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ки бо вай риштаи хешовандӣ дошт, аз ин кашокаш халос хӯрд, вале карйераи ҳарбиаш бо ҳамин ба анҷом расид. Аз нимаи дуюми солҳои 90 ба ин тараф подполковник Раҷабов тарки пешаи ҳарбӣ карда, ба боғдорӣ рӯ овард ва дар ноҳияи Вахш боғи калоне дошт.

Ӯ аз ҳамсари аввалаш се фарзанд ва аз ҳамсари дуюмаш ду фарзанд дошт.

Дар ин авохир подполковник Достӣ Раҷабов инак дуюмин фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар ноҳияи Вахш аст, ки тарки ин дунё мекунанд. Маҳмад Қудратов, маъруф бо лақаби “Маҳмади Хирс”,  муҳофизи собиқи яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ Файзалӣ Саидов, шаби 15 декабр дар синни 56 дар манзилаш дар шаҳри Бохтар бар асари сактаи қалб вафот кард ва рӯзи 16 декабр дар зодгоҳаш: қитъаи сеюми ҷамоати ба номи Кирови ноҳияи Вахш ба хок супурда шуд.

Маҳмуд Худойбердиев дар солҳои 90

Полковник Маҳмуд Худойбердиев яке аз чеҳраҳои хеле зиддунақизи даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Моҳи сентябри соли 1992  бо чанд тонки дивизияи 201 Русия ба Фронти халқӣ пайвастани Худойбердиев таносуби нирӯҳоро дар ҷабҳаи водии Вахш комилан тағйир дод ва ба Фронти халқӣ муяссар шуд, ки нирӯҳои оппозитсияро аз ин водӣ ва баъди чанде аз Душанбе берун кунад.

Барои ин хидматҳояш ба Маҳмуд Худойбердиев, ки афсари таҳсилкардаи омӯзишгоҳи ҳарбии АлмаАто буд, рутбаи полковникӣ дода, фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсуси мустақар дар водии Вахш таъйинаш карданд.

Вале баъди чанде муносибатҳои ӯ бо ҳукумат вайрон шуд ва ӯ чанд дафъа: солҳои 1995, 1996 ва 1997 ба зидди ҳукумат ошӯб бардошт. Баъди шикасти ошӯби ахираш Худойбердиев ба Ӯзбекистон фирор кард. Ӯ соли 1998 аз Ӯзбекистон ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ҳуҷум кард, вале боз шикаст хӯрд ва дигарбора ба Ӯзбекистон фирор кард. Дар бораи сарнавишти баъдии ӯ ба ҷуз аз як акси 20 соли пеш дигар маълумоти дақиқе дастрас нест, вале бовар меравад, ки ӯ бо тарафдорони боқимондааш то ҳол дар Ӯзбекистон қарор дорад.

Охирин акси Маҳмуд Худойбердиев

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button