ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: АВТОБУС ДАР НАЗДИ БОЗОРИ “КОРВОН” ЧАНД МОШИНУ ЧАНД РАҲГУЗАРРО ПАХШ КАРД

Mуҳаммадюсуф Алиев бо нашри як видео аз ҷои ҳодиса дар гуруҳи фейсбукии “Хабарҳои рӯз” хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 8 январ дар назди бозори “Корвон”, бузургтарин бозори шаҳри Душанбе,  як автобус ба се мошини дигар бархӯрд карда ва ҳамчунин 3 раҳгузарро пахш кардааст. Ба гуфтаи шоҳидон,  ҳангоми рондани автобус ронандаи он ё аз ҳуш рафтааст ва ё дилаш аз кор мондааст.

Дар  видео дида мешавад, ки  автобус аз идора хориҷ шуда, мошинҳо ва одамони сари роҳашро пахш мекунад. Одамон ба тарафи автобус давида, онро бо даст манъ карданӣ мешаванд. Садоҳое ба гӯш мерасанд, ки ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед!

Автобус билохира манъ мекунад ва дар як они воҳид атрофи онро даҳҳо нафар печонида мегиранд. Дар навор дида мешавад, ки кормандони БДА низ ба ҷои ҳодиса расидаанд ва одамон талош доранд, то раҳгузаронеро, ки дар зери чархи автобус мондаанд, берун бикашанд.

Тавре дар навор дида мешавад, ҳодиса дар наздикии гирдгашт, дар рӯбарӯи лавҳаи “I love Korvon” рӯй додааст.

Мақомот то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button