ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

НАШРИ ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ БА ҚАЗОҚИСТОН ФИРИСТОДАНИ САРБОЗОНИ ТОҶИК

Хабаргузории русии РИА Новости видеои лаҳзаи аз фурудгоҳи Айнӣ дар канори шаҳри Ҳисор ба ҳавопаймои ҳарбии артиши Русия нишастану ба Қазоқистон раҳсипор шудани сарбозони афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро нашр кард. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар амалиёти таъмини тартибот дар Қазоқистон 210 сарбозу афсари тоҷик иштирок мекунанд.

Хадамоти матбуоти вазорати мудофиаи Русия рӯзи 7 январ хабар дод, ки нирӯҳои ҳарбии Русияро ба Қазоқистон ҳавопаймоҳои ҳарбии Русия мебаранд. Бино ба ин манбаъ, ҳавопаймои Ил-76 бо аскарони тоҷик аз фурудгоҳи Айнӣ дар канори шаҳри Ҳисор алакай ба Қазоқистон парвоз кард.

Субҳи 7 январ дар Душанбе  дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, бино ба иттилои расмӣ, “танҳо як масъала баррасӣ шуда, барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият дода шуд.”

Паймони Миллии Тоҷикистон, як эътилофи умдаи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки асосан дар Аврупо амал мекунад ва фаъолияташ дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ аст, рӯзи 7 январ дар як изҳорот гуфт, мухолифи ба Қазоқистон фиристодани сарбозони тоҷик аст. Паймони миллӣ ин тасмимро “мухолиф ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон” номид ва гуфт, “ҳузури сарбозони мо дар чунин шароит метавонад аз тарафи миллати дӯст ва бародари қазоқ ҳамчун ширкати тоҷикон дар амалиётҳои саркубгароёна алайҳи мардуми ин кишвар ва як амали душманона қабул гардад. Ин метавонад барои ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон хатарзо бошад ва инчунин ба муносибатҳои ду кишвар дар оянда латма ворид кунад.”

Ҳаракати сиёсии низ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи-24” ҳам  тасмими СПАД, аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистонро барои кумаки ҳарбӣ ба мақомоти Қазоқистон бароисаркӯби эътирозҳои осоиштаро шадидан маҳкум карда, пурсидааст, ки агар чунин кумак мувофиқи Ойинномаи ин созмон бошад, пас чаро он ба эътирозҳо дар Қирғизистон ва Арманистон дахолат накард? Ирсоли сарбозони тоҷик ба Қазоқистон, ба ақидаи “Гуруҳи 24”, “метавонад ба муносиботи дӯстонаи мардуми ин ду кишвар халал ворид кунад ва бехатарии садҳо ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷикистониро дар Қазоқистон зери хатар гузорад.

Ва аммо вазорати хориҷаи Тоҷикистон қаблан аз омодагии Душанбе барои иштирок дар амалиёти ОДКБ дар Қазоқистон хабар дода, гуфт, ин корро барои иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар пеши иттифоқчиёнаш анҷом медиҳанд.

 Парлумони Қирғизистон низ рӯзи 7 январ, танҳо дар рӯзи дуюми баррасии ин масъала, ба ирсоли нирӯҳои ин кишвар ба Қазоқистон розигӣ дод.  Арманистон ҳам гуфтааст, ки қасд дорад ба Қазоқистон 70 сарбоз фиристад. Беларус алакай рӯзи 6 январ дар 5 ҳавопаймои ҳарбӣ нирӯҳои десантиашро ба Қазоқистон фиристод. Русия гуфтааст,  ба ин кишвар то 5 ҳазор аскар мефиристад.

Ёдовар мешавем, аз 2 январ дар Қазоқистон эътирозҳои густарда идома доранд. Рӯзи 5 январ дар пайи ин эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон истеъфо дод.

Президенти Қазоқистон ҚосимЖомарт Тоқаев шаби 5 январ дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Тоқаев эътирозгаронро “дастаҳои террористон” номид ва гуфт, онҳо дар хориҷ тамрин дидаанд ва аз ин рӯ, ҳаводиси ахири Қазоқистон бояд ҳамчун ҳамла аз хориҷ ба ин кишвар арзёбӣ шавад.

ОДКБ ҳаққи мудохила дар муноқишаҳои сиёсӣ ва дохилиро надорад ва танҳо дар сурати ҳамла аз хориҷ метавонад ба кумаки кишварҳои узви ин созмон биояд.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки дар ҷараёни ҳаводиси ахир 26 нафар аз эътирозгарон “маҳв карда шуда”, беш аз 3 ҳазор нафар дастгир шудаанд. Аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ низ, ба гуфтаи мақомот, 18 нафар кушта ва беш аз 700 нафар захмӣ шудаанд.

Манобеи дигар шумораи кушташудаҳо аз ҷониби эътирозгаронро бамаротиб бештар мегӯянд. Гуфта мешавад, танҳо дар Қизил-Ӯрда 19 эътирозгар кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button