ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ БАДАХШОН ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ҲАНГОМИ БОЗГАШТ АЗ ТУРКИЯ

Сомонаи мустақили хабарии Pamir Daily News, ки рӯйдодҳои марбут ба Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки ду сокини ин вилоят –  лидери ҷавонони маҳаллаи Бархоруғ Содиқ Амадбеков, соли таваллудаш 1985, ва Гулаёз Гулаёзов, соли таваллудаш 1992, дар фурудгоҳи Душанбе  баъди бозгашташон аз Туркия дастгир шудаанд.

Бино ба иттилои нашрия, дар ҳоли ҳозир Амадбеков ва Гулаёзов дар идораи УБОП дар Душанбе қарор доранд ва бар асоси қисми дуюми моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба авбошӣ айбдор мешаванд. Манобеи огоҳ гуфтаанд, ки онҳоро ба даст доштан дар занозании гуруҳии байни мухлисони дастаҳои маҳаллаҳои Бархоруғ ва Гулакен дар моҳи сентябри соли 2020 айбдор мекунанд. Шоми 5 январ дар ТВ “Бадахшон” дар як гузориш Гулаёзов ва Амадбековро ба авбошӣ айбдор кардаанд.

Мақомот то кунун шарҳ надодаанд, ки оё боздошти ин ду сокини Бадахшон ба эътирозҳои ахир дар Хоруғ низ рабт дорад ё на?

Pamir Daily News акси қарори додгоҳи Хоруғ аз 28 ноябри соли 2020ро нашр карда, мегӯяд, Амадбековро барои он занозании мухлисон алакай 406 сомонӣ ҷарима баста будаанд.

Бо ин вуҷуд, Содиқ Амадбеков дар гузориши нашршуда дар ТВ «Бадахшон» эътирофи гуноҳ карда, гуфтааст, ҷавонони Хоруғ таҳти таъсири гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ қарор доранд ва ӯ гӯё худаш бо хоҳиши худаш ба Душанбе омадааст, то ки ба мақомот таслим шавад.

Амадбеков ва Гулаёзов варзишгарони дар Бадахшон шинохта ҳисоб мешуданд. Боздошти онҳо дар пасманзари эътирозҳои ахири Хоруғ аст. Ёдовар мешавем, дар поёни моҳи ноябр дар пайи дар боздошт ба таври мармуз кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар маркази маъмурии ВМКБ эътирозҳое сар зад, ки аз 25 то 28 ноябр 4 рӯз давом кард.

Шоми 19 сентябри соли 2020 байни мухлисони футбол аз маҳаллаҳои Гулакен ва Хоруғи боло (Бархоруғ) дар майдончаи варзишии мактаби №2 дар маҳаллаи Гулакени шаҳри Хоруғ муноқишаи гуруҳӣ рӯй дод. ВКД  он вақт гуфт, дар ҷараёни муноқиша 21 нафар ҷароҳат бардошта, 20 шишаи тирезаи мактаби №2, 6 мошини шаҳрвандон, 7 шишаи хонаҳои сокинони Гулакен, 6 тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаи тирезаи бинои “Амонатбонк”-ро шикастаанд. Худи бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи маҳаллаи Гулекен анҷом ёфт. Мухлисон баъди бозӣ дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ ҳам карданд. ВКД он вақт гуфта буд, ки ҷустуҷӯи гунаҳкорон идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button