ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

КҲФ: ХАТАРИ ТАРМА ДАР РОҲҲОИ КӮҲИСТОН ХЕЛЕ ЗИЁД АСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такрор ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб аз сабаби боришоти шадид хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст.

3 январи соли 2022 дар километрҳои 61, 62, 63, 65, 66, 69 ва 70 роҳи Душанбе-Варзоб, ки аз тариқи қаламрави Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Уштури ноҳияи Варзоб мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Ҳамчунин дар километрҳои 6, 7, 8 мавзеъи Ниводак ва 15 километраи  мавзеъи ҷамоати Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ва километри 498 мавзеъи Санободи ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшони ВМКБ субҳи имрӯз, 4-уми январ лағзиши тарма сабт шуд. Ҳодисаҳои тармарезӣ сабаб гардид, ки роҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста шавад. 

Дар айни замон корҳо барои бартараф намудани паёмадҳои лағзиши тарма дар кулли роҳҳо идома доранд. КҲФ гуфт, ба иллати фаромадани тармаи зиёд роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ муваққатан баста шуданд. Роҳи Душанбе-Хуҷанд нимарӯзии 4 январ қисман боз шуд. 

Барои тоза кардани роҳҳо техникаи махсуси Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, хадамоти роҳи ширкати “IRS” ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар навбатдории шабонарӯзӣ қарор доранд, ҷалб шудаанд. 

Зарфи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки ҳоло дар низоми шадиди фаъолият кор мекунанд, ҳамроҳ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти роҳи ширкати “IRS” ронандагон ва мусофирони 26 мошинеро, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб дармонда буданд, ба макони амн интиқол доданд. Ба асари лағзиши тарма дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳеч талафоти ҷониву хисорати дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо дар ин зимистони сард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали Кумита мунтазам зери назорат гирифта шуда, кормандон шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.  Ин тадбирхо дар давраи хавфи руй додани фалокат дар роххо, ки аз хунукй ва боридани барф ба амал омадаанд, заруранд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ва бахусус ҳалокати одамон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад бе зарурат аз тариқи роҳҳои ағба ва минтақаҳои тармахез сафар накунанд.

Аз аҳолии минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хоҳиш мешавад муддате то бартараф шудани хафву хатари лағзиши тарма аз ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button