ДУЗДИИ 3 САР ЧОРВОИ КАЛОНИ ШОХДОР ДАР ДӮСТӢ ВА 4 АККУМУЛЯТОР ДАР ҶАЙҲУН

Ба ШВКД дар ноҳияи Дустӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Дустӣ муроҷиат намудааст, ки шаби 1 ба 2-юми январи соли 2022, тахминан соати 00:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 3-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 30 ҳазору 450-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза марди 64-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 12 ба 13-уми декабри соли 2021, тахминан соати 01:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинааш, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, 2-адад аккумуляторро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 ҷавони 18-солаи сокинони ноҳияи мазкур дастгир карда шуданд.
Ҳамзамон муайян карда шуд, ки номбурдагон бо ҳамин тартиб аз дохили автомашинаи марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун шаби 12 ба 13-уми декабри соли 2021, тахминан соати 01:50-дақиқа, ки дар назди хонаи истиқоматиаш меистод, 2-адад аккумуляторро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.