АфғонистонВидеоТоҷикистон

МАРГИ ПУРАСРОРИ ҶАВОНИ МӮЪМИНОБОДӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Шахсияти ҷасаде, ки Толибон дар ҳудуди ноҳияи Хоҳони Афғонистон, дар рӯ ба рӯи деҳаи Анҷироби ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон, ёфта, ба марзбонҳои тоҷик супурда буданд, маълум шудааст. Радиои Озодӣ аз қавли манобеаш хабар дод, ки ӯ Муҳаммадҷон Қурбонов, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аст.

Ҳафтаи гузашта корбарони афғон дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси як ҷасад ва шиносномаи тоҷикиро бо ному насаби “Кароматулло Қурбонов” нашр карданд. Гуфта мешуд, ки ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистонро аз соҳили дарёи Амӯ пайдо кардаанд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи 1-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро Толибон ба марзбонони тоҷик супурданд ва маълум шуд, ки нафари зоҳиран ғарқшуда Муҳаммадҷон Қурбонов, сокини 18-солаи ноҳияи Муъминобод аст. “Шиносномае, ки бо номи “Кароматулло Қурбонов” аз ӯ пайдо шуд, ба бародари 29-солааш тааллуқ дорад,” — шаҳр додааст ин манбаъ.

Бино ба иттилои хабарнигори Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ, бародарон Муҳаммадҷон ва Кароматулло, Қурбоновҳо охири моҳи октябри соли 2021 аз Русия баргашта, рӯзи 21-уми декабр ба наздикони худ гуфтаанд, ки ба шаҳри Кӯлоб мераванд, аммо ба ҷои Кӯлоб ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳаммарз бо Афғонистон, сафар кардаанд.

Ҳанӯз аз Кароматулло Қурбонов, бародари Муҳаммадҷон хабаре нест. Наздикони ду ҷавон қазияро шарҳ надоданд. Вале манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфтааст, фарзияи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав дар он сӯи марз низ таҳқиқ мешавад.

“Бародари калонии ин ду ҷавон бо гумони шомил будан ба созмонҳои ифротӣ ҷустуҷӯ мешавад. Ягон сабаби мантиқии сафари онҳо ба Дарвоз пайдо нашуд. Онҳо дар онҷо на хешу табор, на дӯст ва на коре доранд. Аз ин рӯ, фарзияи талоши убури марз барои пайвастан бо гурӯҳҳои тундрав тафтиш мешавад,” — гуфтааст як манбаъ аз мақомоти тафтишотӣ.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар он сӯи марз ҷангҷӯёни гурӯҳҳои тундрав ба монанди “Ансоруллоҳ” ва “Ҳаракати исломии Узбекистон” амал мекунанд, ки дар сафашон даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

Толибон моҳи августи соли 2021, дигарбора Афғонистонро тасарруф карданд. Онҳо бо ташкили, ба гуфтаашон, “аморати исломӣ” аз кишварҳои ҳамсоя ва дур хостаанд, ки ҳукуматашонро ба расмият бишиносанд. Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳанӯз ҳокимияти Толибонро ба расмият нашинохтаанд. Душанбе мегӯяд, хостори ташкили ҳукумати фарогире дар Афғонистон аст, ки дар он ба ақалиятҳои қавмӣ, ба вижа ба тоҷикони Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дода шавад. Кишварҳои ғарбӣ бештар бар сари мурооти ҳуқуқи одамон, бахусус занону духтарон, озодии расонаҳо ва кафолати дигарбора ба паноҳгоҳи ҷангҷӯёни тундрав табдил надодани Афғонистон таъкид меварзанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button