ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ПРОКУРОР БАРОИ ҚОТИЛОНИ АЛИРИЗО ХУДОЁРОВ 19 ВА 20 СОЛИ ЗИНДОН ТАЛАБ КАРД

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 29 декабр аз  додгоҳ барои Зафарҷони Насриддин ва Азимов Абдулло, ду сокини деҳаи Яшми ноҳияи Рашт, ки қатли ҳамдеҳаи 21-солаашон Алиризо Худоёров айбдор мешаванд, мутаносибан 20 ва 19 соли зиндон талаб кард. Айбдоркунанда гуфтааст,  далелҳои ҷамъовардаи тафтишот даст доштани ин ду нафар дар қатли Худоёровро исбот мекунанд.  Мурофиаи парвандаи қатли Алиризо Худоёров дар Додгоҳи олии Тоҷикистон таҳти раёсати додрас Сафарбек Ғуломзода ҷараён дорад.

Аммо Зубайдулло Худоёров, падари Алиризо Худоёров, ки дар ин парванда ҳамчун ҷабрдида мегузарад, ва адвокати онҳо Файзалӣ Музаффаров 19 ва 20 соли зиндонро барои  одамкушӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ кам номидаанд. Қисми дуюми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои чунин ҷиноят ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбодро пешбинӣ мекунад.

Блогнавис Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризо Худоёров, ки ҳар рӯз аз ҷараёни мурофиа дар саҳифааш дар Фейсбук гузориш медиҳад, хабар дод, ки раисикунандаи мурофиа Ғуломзода Сафарбек то рӯзи 6 январи соли 2022 танаффус эълон намуда ба хонаи машваратӣ рафт ва қарор аст,  рӯзи 6 январ ҳукмашро эълон кунад.

Ҷунайдулло Худоёров навишт, ки онҳо  аз талаби худ барои ба курсии айбдорӣ шинондани 4 нафари дигар аз авлоди Ҳамидовҳоро, ки ба ақидаи Худоёровҳо, онҳо ҳам дар қатли Алиризо Худоёров даст доранд,  даст нахоҳанд бардошт.

Худоёровҳо мегӯянд, нимаи дуюми рӯзи 12 июл дар деҳаи Яшм  6 нафар аз авлоди Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо  Алиризо Худоёров, соли таваллудаш 2000, донишҷӯи соли дуюми риштаи ҳуқуқи Донишкадаи Раштро ҳадафи ҳамла ва латтукӯб қарор додаанд. Дар айни занозанӣ Алиризо Худоёровро ба қафаси синааш корд задаанд. Ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд, вале табибон натавонистанд ин ҷавонро аз марг наҷот диҳанд. Корд ба қалби ӯ расида буд…

Мақомоти милиса ибтидо 4 нафарро аз авлоди Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо дар робита ба ин ҳодиса дастгир карданд. Вале дар ниҳоят парвандаи танҳо Зафарҷони Насриддин, соли таваллудаш 2000, ки гуфта мешавад, зарбаи кордро ба қалби Алиризо Худоёров маҳз ӯ задааст,  ва Азимов Абдулло то ба додгоҳ расид. Худоёровҳо талаб доранд, то ҳамаи онҳое, ки дар ҳамла ба Алиризо иштирок доштанд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд. Ва аммо Ҳамидовҳо инро рад мекунанд ва мегӯянд, Алиризоро Зафарҷон куштааст ва бояд фақат ӯ барои ин кор ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Хусумати байни Ҳусейновҳову Ҳамидовҳо бо Худоёровҳо аз баҳс бар сари як қитъаи замин оғоз ёфта, чанд сол боз идома дорад.

Моҳи январи соли 2018 ҳангоми бозии волейбол байни ин ду авлод занозанӣ рух дод ва он вақт Муҳаммадраҷаб Худоёровро бар асоси моддаи 237, қ.3 бо ҷурми авбошӣ ва бар асоси моддаи 110, қ.2 бо ҷурми расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карда, бародари ӯ Муҳаммадрозиқро бо ҷурми авбошӣ (моддаи 237, қисми 2)  30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд  ва Алиризо Худоёровро низ бар асоси моддаи 237 дар авбошӣ гунаҳкор дониста, фақат барои он вақт ноболиғ буданаш ду сол ҳукми зиндони шартӣ дода буданд. Ба гуфтаи Худоёровҳо, дар он занозанӣ ҳамин Зафарҷони Насриддин, ки ҳоло барои одамкушӣ ба ҳабс гирифта шудааст, низ ҳамроҳи бародараш Алишер ва чанд тани дигар аз хешу табораш иштирок доштааст.

Дар аввали соли 2019, вақте мақомоти ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризоро, ки бо блогҳои интиқодиаш дар бораи роҳбарони ноҳия ном бароварда буд, ба “салафигароӣ” айбдор карда, ба зиддаш парванда сохтанд, Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо ба кумаки мақомот шитофта, дар ҷараёни тафтишот ва дар додгоҳ ба зидди Ҷунайдулло Худоёров баёнот доданд. Ҷунайдулло Худоёровро бар асоси иттиҳомоти сохта ба якуним соли зиндон маҳкум карданд ва ӯ танҳо бар асоси қонуни афв дар поёни тирамоҳи соли 2019 аз маҳбас озод шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button