ВидеоҶомеа

ХУСУМАТИ БАЙНИ ДУ АВЛОД ДАР ЯШМ САБАБИ ҚАТЛИ ЯК ҶАВОН ШУД

 Як сокини 20-солаи деҳаи Яшми ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт бо иттиҳоми одамкушӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон гуфт, ки ин ҷавон рӯзи 12 июл, тахминан соати 18:00 дар деҳаи Яшм аз рӯи хусумати шахсӣ бо як ҳамдеҳаи 21-солааш ҷанҷол карда, бо корди шикорӣ (финка) як маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи номбурда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҳангоми ҷарроҳӣ дар беморхона ҷон додааст.

Нисбат ба ҷавони дастггиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

ВКД дар иттилояаш исми гумонбаршаванда ва ҷабрдидаро наовардааст, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, нимаи дуюми рӯзи 12 июл дар деҳаи Яшм 5 нафар аз авлоди Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо  Алиризо Худоёров, соли таваллудаш 2000, донишҷӯи соли дуюми риштаи ҳуқуқи Донишкадаи Раштро ҳадафи ҳамла ва латтукӯб қарор додаанд. Дар айни занозанӣ Алиризо Худоёровро ба қафаси синааш корд задаанд. Ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд, вале табибон натавонистанд ин ҷавонро аз марг наҷот диҳанд. Корд ба қалби ӯ расида будааст…

Мақомоти милиса ибтидо 4 нафарро аз авлоди Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо дар робита ба ин ҳодиса дастгир кардаанд. Вале дар ниҳоят танҳо Зафарҷон, писари Насриддин Ҳусейнов, соли таваллудаш 2000, ки гуфта мешавад, зарбаи кордро ба қалби Алиризо Худоёров маҳз ӯ задааст, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд ва се нафари дигарро, ки танҳо ба авбошии гуруҳӣ айбдор мешаванд, феълаан шартан ҷавоб додаанд.

Аммо Худоёровҳо дар ташвишанд, ки авлоди рақиби онҳо метавонад фарзандони худро аз ин моҷаро бо ягон ҷазои рамзӣ халос кунанд, чунки онҳо холабачаҳои Маҳмадзокир Тоирзода, раиси парлумони Тоҷикистон мебошанд ва дар ҷанҷолҳои қаблӣ тавонистанд, ки худро ҳақ бароварда, Худоёровҳоро баракс гунаҳкор кунанд. Ба фарқ аз Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо, Худоёров дар Рашт баракс оппозитсионер ҳисоб мешаванд: Фарҳод Худоёров, амаки Алиризо, сардори шуъбаи ҳизби оппозитсонии сотсиал-демократи ин ноҳия буда, Ҷунайдулло Худоёров дар пайи мақолаҳои танқидиаш ба “салафигароӣ” айбдор ва маҳкум ба зиндон шуда буд.

Хусумати байни Ҳусейновҳову Ҳамидовҳо бо Худоёровҳо аз баҳс бар сари як қитъаи замин оғоз ёфта, чанд сол боз идома дорад.

Моҳи январи соли 2018 ҳангоми бозии волейбол байни ин ду авлод занозанӣ рух дод ва он вақт Муҳаммадраҷаб Худоёровро бар асоси моддаи 237, қ.3 бо ҷурми авбошӣ ва бар асоси моддаи 110, қ.2 бо ҷурми расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карда, бародари ӯ Муҳаммадрозиқро бо ҷурми авбошӣ (моддаи 237, қисми 2)  30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд  ва Алиризо Худоёровро низ бар асоси моддаи 237 дар авбошӣ гунаҳкор дониста, фақат барои он вақт ноболиғ буданаш ду сол ҳукми зиндони шартӣ дода буданд. Ба гуфтаи Худоёровҳо, дар он занозанӣ ҳамин Зафарҷони Насриддин, ки ҳоло барои одамкушӣ ба ҳабс гирифта шудааст, низ ҳамроҳи бародараш Алишер ва чанд тани дигар аз хешу табораш иштирок доштааст.

Дар аввали соли 2019, вақте мақомоти ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризоро, ки бо блогҳои интиқодиаш дар бораи роҳбарони ноҳия ном бароварда буд, ба “салафигароӣ” айбдор карда, ба зиддаш парванда сохтанд, Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо ба кумаки мақомот шитофта, дар ҷараёни тафтишот ва дар додгоҳ ба зидди Ҷунайдулло Худоёров баёнот доданд.

Назари ҷониби дигари баҳс дастрас нест.

Хусумати байниавлодӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар рустоҳои кӯҳистонӣ зиёд дида мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо ин хусумат боиси аз якдигар ҳазар кардани намояндагони ду авлоди рақиб ва усулан дурӣ ҷустан аз қаробат бо якдигар, барои мисол, келин накардан ва духтар надодан ба якдигар мешавад. Вале дар бархе ҳолатҳо, мисли ин ҳодисаи ахир дар Яшм ин рақобатҳо бо оқибатҳои фоҷиабор меанҷоманд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button