ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДӢ АЗ ХОНАИ ҲАМСАРИ СОБИҚ

Марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шаби 30 ноябр, тахминан соати 23:00, аз хонаи собиқ ҳамсараш, зани 24-солаи сокини пойтахт, 18 ҳазор сомониро дуздида, ҳамчунин телефони мобили ҳамсарашро гирифта, пинҳонӣ вориди корти “Сбербанк” шуда, аз дохилаш 27 ҳазору 500 рубли русиро ба корти худ гузаронидааст.
хххххххххххх

Марди 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки 23 сентябр, тахминан соати 13:00, дар шаҳри Ваҳдат бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз дасти марди 49-солаи сокини ҳамин шаҳр, борхалтаашро, ки дар дохилаш ҳуҷҷатҳо ва 4 ҳазор сомонӣ дошт, кашида, гирифтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 27 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дуздӣ аз хонаи ҳамсари собиқ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 30-юми ноябри соли 2021, тахминан соати 23:00, аз хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш, зани 24-солаи сокини пойтахт, 18 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин гумонбаршаванда телефони мобили ҳамсарашро гирифта, пинҳонӣ вориди корти “Сбербанк” шуда, аз дохилаш 27 ҳазору 500 рубли русиро ба корти худ гузаронидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати ғоратгарӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 23-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 13:00, дар шаҳри Ваҳдат бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз дасти марди 49-солаи сокини ҳамин шаҳр, 1-адад борхалтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш ҳуҷҷатҳо ва 4 ҳазор сомонӣ доштааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button