ВидеоКоррупсия

АГЕНТӢ: КОРМАНДИ ҲУКУМАТИ МАСТЧОҲ 10 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 27 декабр аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи Шаҳбоз Гулов, як корманди ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хабар дод. Бино ба гузориши маркази матбуоти агентӣ, “Гулов Шаҳбоз Сангинович дар асоси фармоиши раиси ноҳияи Мастчоҳ дар вазифаи сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ зад. Чунончӣ, номбурда  бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ шаҳрванд “А” -ро бовар кунонид, ки бар ивази маблағи 10 000 сомонӣ тавассути судяи суди ноҳияи Мастчоҳ, барои ба манфиати ӯ қабул намудани санади судӣ оид ба фарзандхонии ноболиғ шаҳрванд “Б” мусоидат карда метавонад. Ҳамин тариқ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А”  маблағи 10 000 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро накард.”

Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Гулов Шаҳбоз бар асоси  моддаи 247, қисми 2, бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ барои қаллобӣ бо истифода аз мансаб, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда =60 сомонӣ, ё чизе бештар аз 5 доллар) ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи судӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони бо пора ба даст афтода дар сурати ҳамчун қаллобӣ корбаст шудани айбномааш бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарӣ халос мешаванд ва баъди чанде дар ягон мансаби нави “равғанӣ” пайдо мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Пайгири кунед ин нафар барои судяи суди нохияи Масчох Убайдзода миенарав буд. Маблаг аз кабинети судя “гум” шуд. Ин казия давом дорад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button