ВидеоМуҳоҷиронТаърих

ТАЪСИСИ ҶУНБИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКОНИ ПОКИСТОН

Тоҷикони муқими водии Своти Покистон созмонеро бо номи “Ташкилоти Мардумии Свот” ва як саҳифаи вижаи Фейсбук бо номи “Ҷунбиши қавмии Тоҷик”-ро таъсис додаанд, то аз ҳуқуқи худ дифоъ намоянд ва ҳаққи навиштани шаҳрвандии худро дар асноди расмии тоҷикӣ пайдо кунанд.

Онҳо мегӯянд, тоҷик ҳастанд, аммо дар ҳуҷҷатҳо онхоро паштун менависанд.

Тоҷикон куҳантарин қавми Покистон ҳастанд ки аксари онҳо дар водии Свот ба сар мебаранд ва худро Свотӣ ё Тоҷик меноманд.

Ба гуфтаи раҳбари ин созмон Нур Ҳабиб Свотӣ, Созмони мардумии Свот хидмате ба мардуми Тоҷики Покистон аст ва талош мекунад, ки ҳақиқати таърихӣ дар бораи ин афродро таъйид кунад.

Ин ташкилот, аз ҷумла, мекӯшад ки миллияти онҳо дар аснод ва ҳуҷҷатҳои расмӣ тоҷик навишта шавад, на паштун. Тоҷикони покистонӣ ҳоло дар асноди худ паштун навишта мешавад.

Нур Ҳабиб Свотӣ дар сӯҳбати ахираш ба Радиои Осиёи Марказӣ дар Кобул гуфт: “Свотиён дар таснифоти қавмӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ва умурӣпаштунҳои Покистон” сабти ном шудаанд, ки зулми таърихӣ аст ва қобили қабул нест.Тоҷикони Свот торих, расму оиин ва тарзи зиндагии худро доранд ва дар паҳлӯи Тоҷикони Афғонистон, Эрон, Узбакистон, Чин ва Тоҷикистон, худро вориси фарҳанги эронӣ медонанд.

Нур Ҳабиб Свотӣ мегӯяд, ки мутаассифона, аксари Тоҷикони Покистон забони худро фаромӯш кардаанд ва ба паштуву урду гап мезананд. Созмони мардумии Свот созмони ҷавонони тоҷикро бо номи “Рустамдар” таъсис додааст, ки бахше аз он таълими забони тоҷикӣ ба мардум аст. Нур Ҳабиб Свотӣ изҳор доштааст, ки барои ин омӯзгорони тоҷикро ҷалб карда, дар сурати зарурат омӯзгоронро аз кишварҳои форсизабон даъват мекунанд.

Роҳбари созмони Свотӣ теъдоди тоҷикони ин минтақаро беш аз 800,000 нафар арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки созмони онҳо мехоҳад дар оянда тоҷикони муқими Пешовар ва дигар вилоятҳои Покистонро ба ҷунбиши худмуайянкунии тоҷикони Покистон ҷалб кунад. Аммо ӯ афзуд, тоҷикони покистонӣ худро бахше аз мардуми Покистон медонанд, кишвари худро дӯст медоранд ва мехоҳанд дар рушди Покистон саҳм гузоранд.

Муаррихи тоҷики Покистонӣ Ҳасан Ориф Охундзода бар ин назар аст, ки тоҷикони Свот ворисони “Шоҳигарии Гибар”, як салтанати бостонии тоҷикон ҳастанд, ки ҳашт қарни пеш, дар соли 1190 дар атрофи шимоли Покистони имрӯз ва шарқи Афғонистон, маъруф ба “Шоҳигарии Ғабрхо” ё Шоҳигарии Гибор таъсис ёфтааст. Ин подшоҳӣ дар замони худ дар карни 16 хангоми хучуми Темуриён ба Хиндустон аз ҷониби Зоҳириддин Бобур тасарруф шуда вайрон гардид.

Охундзода менависад, ки ҳарчанд Тоҷикони Покистонӣ дар миёни Паштунҳо ҳазм ва ё гум шудаанд, аммо пажӯҳишҳо ва ҳатто ташхиси ирсӣ собит кардааст, ки қабилаҳои паштун, аз ҷумла қабилаҳои Сарабонӣ ва Ғалҷӣ, решаҳои равшани тоҷикӣ доранд. Дар номгузории мавзеъҳои ҷуғрофии Покистон номҳои тоҷикӣ, аз қабили Чорсад, Чор Осиёб низ хеле маъмуланд.

Ҳамагӣ 64 километр дуртар аз Исломобод, пойтахти Покистон, ҳатто шаҳре бо номи “Тоҷак” ҷойгир шудааст.

Нур Ҳабиб Свотӣ, роҳбари мардумии Свот, шумори тоҷикон дар ин кишварро 800 ҳазор нафар медонад, аммо бархе манобеъи дастаҷамъӣ шумори тоҷикони муқими Покистонро аз се то чаҳор миллион нафар медонанд.

Расман, аксарияти кулли тоҷикони Покистон дар асноди оморӣ ва шаҳодатномаҳои ҷаримаи паштунҳо сабти ном шудаанд.

Дар водиҳои Гоҷал, Ишқумон ва Ёсин дар минтақаи Гилгит-Балучистони шимолӣ Покистон ва ҳамчунин минтақаи Читрал макони муҳимми тоҷикони помирии маъруф ба мардуми Вахӣ ҳастанд, ки бо забони вахӣ гап мезананд.

Минтақаи дигаре, ки шумори зиёди тоҷикони бумии Покистон зиндагӣ мекунанд, водии Своти Покистон аст, ки худро Свотӣ ё тоҷик меноманд. Аксари тоҷикони Покистон забони худро фаромӯш кардаанд ва бо паштуву урду ҳарф мезананд, ҳарчанд дар чанд соли ахир талошҳо барои омӯзиши забони форсӣ ба ин мардум сурат гирифтааст.

Дар солҳои ахир ба ҷуз аз зодагони Покистон, муҳоҷирони тоҷик аз кишварҳои дигар, аз ҷумла аз Афғонистон, Тоҷикистон ва Чин ба Покистон муҳоҷират кардаанд. Тибқи омори расмии Покистон дар соли 2005, дастикам 7,3 фоизи кулли Афғонҳои муқими Покистон, ё тақрибан 221 ҳазор нафарро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Бархе аз тоҷикони покистонӣ муҳоҷири Шинҷони Хитой ҳастанд, ки дар шимоли Покистон маскан гирифтаанд. Дар замони ҷанги дохилӣ теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба Покистон муҳоҷират кардаанд.

Баргардон аз хати порсӣ Fathulbari Makhdoom

Бознашр аз гуруҳи фейсбукии “ARYANS آریائیان ОРИЁИЁН

https://www.facebook.com/groups/580512576380870/posts/594481938317267

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button