ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсатТоҷикистон

ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ БОЗДОШТИ ГУЛБИДДИН ЗИЁБЕКОВ ДАР ДЕҲАИ ТАВДЕМ

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеоеро фиристоданд, ки дар он лаҳзаи боздошти Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабт шудааст.

Зиёбеков рӯзи 25 ноябри соли 2021, тақрибан соати 11 дар рӯи пули деҳаи Тавдем дастгир шуд. Ҳангоми боздошти ӯ кормандони ниҳодҳои қудратӣ аз силоҳ истифода бурданд.

Мақомот гуфтанд, ки Зиёбеков барои гаравгон гирифтани ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа А.Абирзода ҷустуҷӯ мешуд, вале аз ҳозир шудан ба бозпурсӣ саркашӣ мекард. Ҳангоми боздошташ, ба гуфтаи мақомот, Гулбиддин Зиёбеков муқовимати мусаллаҳона нишон дод ва кормандони мақомоти қудратӣ маҷбур шуданд, ки тири ҷавобӣ бикушоянд.

Аммо сокини Тавдем мегӯянд, ки Зиёбеков ҳангоми боздошташ силоҳ надошт ва он тапончае, ки баъдан дар ТВ намоиш доданд, баъди чанде ба ҷои ҳодиса партофтаанд. Ҳамдеҳагонаш иттиҳоми гаравгонгириро ҳам рад мекунанд ва мегӯянд, Зиёбеков ва дигар ҷавонони Тавдем ба ҳимоят аз як хоҳари худ, ки ёрдамчии прокурор ба ӯ пешниҳодҳои ноҷо карда буд, бархоста буданд.

Чанде баъди боздошт ва ба тарафи Хоруғ бурда шуданаш Гулбиддин Зиёбеков ҷон дод ва марги ӯ сабаби оғози эътирозҳое шуд, ки дар Хоруғ 4 рӯз давом кард. Мардум аввал ҷасади ӯ дар рӯи даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Зиёбековро талаб карданд.

Дар рӯзҳои нооромиҳо дар Бадахшон се сокини ин вилоят кушта ва дастикам 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар доданд.

Эътирозгарон танҳо шоми 28 ноябр вақте хона ба хона пароканда шуданд, ки мақомот ваъдаи таҳқиқи муштараки қазии марги Гулбиддин Зиёбековро доданд. Ба ин мақсад як гуруҳи махсуси иборат аз 20 намояндаи ниҳодҳои тафтишотӣ ва 6 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ташкил шуд, вале бо гузашти қариб як моҳ ягон нафари гумонбар дар марги Зиёбеков  муайян ва дастгир нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Оё қонун барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон низ кор мекунад? Ё ин факат барои шаҳрвандони оддӣ ба кор бурда мешавад?
    Чаро бо А.Абирзода дар тамоми вазъият мусоҳиба намегузаронанд?
    Сабаби ин ҳама бесарусомонӣ дар чист?
    Дело баста шуд, чаро боз кушода шyд?
    Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ин чӣ посух медиҳанд?
    Оё Тоҷикистон то ҳол қоидаву қоидаҳои асри сангро риоя мекунад?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button