ВидеоҶомеа

15 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН БАРОИ ҶАНҶОЛИ ХУНИН БО ҲАМСОЯҲО БАРОИ ЯК ДАРВОЗА…

Додгоҳи вилояти Хатлон Абдусаттор Султонов, сокини 21-солаи деҳаи Меҳрободи ҷамоати Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониёнро, ки донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи шаҳри Бохтар ҳам буд, бо ҷурми сӯиқасд ба куштор аз ҳиссиёти авбошӣ (моддаҳои 32, қисми 3-104, қисми 2) ва авбошӣ  бо истифода аз силоҳи сард (моддаи 237, қисми 3) ба 15 солу 6 моҳи маҳбаси низомаш сангин ва бародари ӯ Умед Раҷабров бо ҷурми авбошӣ (моддаи 237, қисми 3)  ба 3 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.  Ҳукми ин ду бародар ҳанӯз 29 октябр содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти онро тоза рӯзи 24 декабр нашр кард.

Бино ба фарзияи тафтишот, Султонов Абдусатор Раҷабович, соли таваллудаш 2000, 10 майи соли 2021, тахминан соатҳои 09:00 ба 09:30 бо ҳамроҳии бародараш Султонов Умед, санаи таваллудаш 18 августи соли 1990, бо мақсади бо девор маҳкам кардани 2 метр замини роҳи пушти дарвозаи манзили истиқоматиашон дар онҷо таҳкурсии бетонӣ рехтанӣ шудаанд.

Ҳамсояи онҳо Болтаев Абдулмӯмин Ғуломович, бародараш Болтаев Саймумин ва писараш Фирдавси Абдулмӯмин аз ин огоҳ шуда, ба онҷо омада, аз бародарон Султоновҳо хостаанд, ки роҳи даромади манзили истиқоматиашонро маҳкам накунанд. Султоновҳо бошанд, ба онҳо ҷавоби рад додаанд ва дар ҳамин заминаи зоҳиран ночиз байни ҳамсояҳо муноқиша сар задааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, Султоновҳо аввал “аз ҳиссиёти авбошӣ” Болтаевҳоро латтукӯб карда, “тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.”

  “Ҳангоми муноқиша, Султонов Абдусатор Раҷабович, боз ҳаракатҳои авбошонаи худро идома дода, аз ин кори худ қонеъ нашуда, бо мақсади касдан аз ҳаёт маҳрум намудан аз саҳни ҳавлии манзили истиқоматиашон як адад корди ошхонагиро гирифта, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ ба Болтаев С.Ғ., Болтаев А.Ғ. ва Фирдавси Абдулмӯмин ҳуҷум карда, бо корди дар даст доштааш, бо мақсади анҷом додани қасди ҷинояткоронаи худ, яъне аз ҳаёт маҳрум намудан ба тарафи мавқеи қафаси сина-шуши рост ва миокарди дили Болтаев С.Ғ., ба қафаси синаи Фирдавси А. дар мавқеи шуши чапи ӯ аз тарафи чап дар сатҳи ковокии қафаси сина ду-се маротиба ва як маротиба ба пои Болтаев А.Ғ. зарба зада, ба Болтаев С.Ғ. ва Фирдавси А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расондааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Баъди ин муноқиша барои як дарвоза се нафар аз оилаи Болтаевҳоро бо бадани хуншор ба бемористон ва бародарон Султоновҳоро пушти панҷара бурдаанд.

Мутаассифона, чунин мавридҳои муноқишаҳо байни ҳамсояҳо ва ҳатто байни хешовандони наздик барои як порча замин дар Тоҷикистони камзамин хеле зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button