ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ДУ САДАМА ДАР ДУШАНБЕ ВА ИСФАРА

Шаби 19 декабр, соати 20:15, як сокини 34-солаи пойтахт дар зери чархи мошини “БМВ 520” ҷон бохта, рӯзи 20 декабр, соати 13:30 бар асари бархӯрди «Опел-Астра» бо “Мерседес” дар ҳудуди шаҳри Исфара ронандаи “Опел” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҳалокат расидааст.
ххххххххххххх

Як марди 44-сола ва ҳамсари 39-солааш, ки пеш бо моддаҳои 247, 289, 316 КҶ ҶТ суд шудааст,  ба он гумонбар мешаванд, ки соли 2015 бо ваъдаи аз Душанбе харида додани хона бо роҳи фиреб 20 ҳазор доллари як сокини пойтахтро гирифтаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар

20-уми декабри соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Хоҷаев Бурҳониддин Мухторович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда Шарофов Алибой, соли таваллудаш 1950, сокини ҳамонҷо бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Хоҷаев Б.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, 19-уми декабри соли равон, тахминан соати 20:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-520», Карими Шоҳин Ҳамзазода, соли таваллудаш 1998, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Кенҷаев Илҳом Бобораҳматович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Кенҷаев И.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳолатҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти қаллобӣ вобаста ба хонаи истиқоматӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 26-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 27-уми апрели соли 2015 марди 44-сола бо ҳамроҳии оилааш зани 39-солаи сокинони шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 247, 289, 316 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар пойтахт хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳанд, аммо ӯро фиреб дода, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Дар ин самт тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button